Кормандони ташкилот

Дилрабо Самадова

Сарвари иҷроия

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо ихтисоси “Ҳуқуқшинос” ва Донишгоҳи Viadrina Europe University, Germany. Сарвари иҷроияи Ташкилот. Беҳтарин “Ҳомии ҳуқуқ”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012.

Хуршеда Раҳимова

Директори Филиал

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо ихтисоси “Ҳуқуқшинос”. Дорои таҷрибаи зиёда аз 13-сола дар соҳаи ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон. Директори Филиали Ташкилот дар вилояти Суғд, ш. Хуҷанд. Роҳбари самти фаъолияти ТҶ “ДОШ” - “Ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ ва оҳодиҳои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ”.

Дилафруз Самадова

Адвокат

Ҳуқуқшинос, соли 2005 факултаи Ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм намудааст. Аз соли 2005 инҷониб адвокати Коллегияи адвокатҳои вилояти Суғд.

Музаффар Бобоҷонов

Коршинос

Коршинос, ҳуқуқшинос. Раиси ТҶ "Иттифоқи волидайни сарбозон" ва раиси ТҶ "Ҷамъияти ҷабрдидагон аз минаҳо ва дигар мухимоти тарканда"-и вилояти Суғд. Хатмкунандаи Мактаби олии танкии ш. Тошкент ва Донишгохи давлати ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон. Дорои собиқаи хизматии 31 сола дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва рутбаи полковник.

Қаюм Атаев

Коршинос

Коршинос оид ба ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ ва даъватшавандагон. Раиси ТҶ "Шӯрои собиқадорони хизмати ҳарбии вилояти Суғд". Хатмкунандаи Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон. Дорои собиқаи хизматии 36 сола дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва рутбаи полковник.

Сӯҳробҷон Собиров

Ҳуқуқшинос–мушовир

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо ихтисоси “Ҳуқуқшинос – омӯзгор” ва донишҷӯи Донишгоҳи иҷтимоии шаҳри Москва дар Ҷумҳурии Қирғизистон. Дар Филиали Ташкилот ҳамчун ҳуқуқшинос–мушовир кор ва фаъолият намуда истодааст. Аз рӯзи аввали бунёди ташкилот ба гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи ташкилот шомил мебошад.

Бахтиёр Мирзохонов

Сармуҳосиби ташкилот

Хатмкардаи факултаи Баҳисобгирии иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз соли 2011 то соли 2015 омузгори Академияи Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2016 то инҷониб ба ҳайси Сармуҳосиби "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" фаъолият бурда истодааст.

Зилола Имомова

Ассистент оид ба ҳуҷҷатгузорӣ

Донишҷӯи факултаи "Ҳуқуқшиносӣ"-и Донишгоҳи Москваи «Синергия» мебошад. Аз соли 2016 инҷониб дар ташкилот ба ҳайси хуҷҷатгузор ва ассистенти роҳбари гурӯҳи ҳуқуқӣ фаъолият мебарад. Дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз соли 2016 инҷониб фаъолият намуда истодааст.

Комилова Муаззам

Ҳуҷҷатгузори Филиал

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров факултаи Математика. Дар вазифаи Ҳуҷҷатгузори Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аз моҳи марти 2017 сол фаъолият мебарад.

Шарипов Муҳаммадҷон

Ассистент оид ба PR

Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултаи Ҳуқуқшиносӣ. Аз соли 2017 дар ташкилот ба ҳайси волонтёр фаъолияташро оғоз намудааст. Соли 2018 дар вазифаи "Ассистент оид ба PR" -и Ташкилот дар ш. Душанбе ба кор шурӯъ намудааст.

Уғулой Бобоева

Ҳуқуқшинос-мушовир

Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Аз соли 2014 инҷониб ба ҳайси ҳуқуқшинос дар ташкилот фаъолият менамояд. Дар ҷодаи ҳифзи ҳуқуқи инсон аз соли 2016. Аз 4 январи соли 2019 Адвокати Коллегияи адвокатҳои №1-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе.

Манзура Тошматова

Сармуҳосиби Филиал

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ,бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо ихтисоси "Иқтисодчӣ". Аз соли 2014 то инҷониб дар ташкилот фаъолият намуда истодааст. Аз соли 2016 инҷониб баҳайси сармуҳосиби Филиали ташкилот дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд фаъолият дорад.

Назира Маҳмудова

Корманди иҷтимоӣ

ДДОЛ ба номи Кировро бо ихтисоси "Забон ва адабиёти рус" хатм намудааст. Соли 2003 соҳиби дипломи корманди иҷтимоӣ гардида, худи ҳамин сол дар Юнисеф кор бо кӯдакони ятим ва бепарастор фаъолиятро оғоз намудааст. Дар Ташкилот аз соли 2015 ба ҳайси корманди иҷтимоӣ фаъолият намуда истодааст.

Хоҷаева Меҳринисо

Фандрайзер

Бо барномаи мубодилавии "FLEX" як сол дар Амрико таҳсил намудааст. Дар факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Славянии Руссияву Тоҷикистон таҳсилро идома дорад. Дар Ташкилот ба ҳайси Фандрайзер фаъолияти худро оғоз намудааст.

Фузайлов Фахриддин

Ассистент оид ба PR дар Филиал

Донишҷӯи ДДҲБСТ, факултаи Ҳуқуқшиносӣ. Аз соли 2015 дар Ташкилот ба ҳайси волонтёр фаъолияташро оғоз намудааст. Соли 2018 дар вазифаи "Ассистент оид ба PR" -и Ташкилот дар ш. Хуҷанд ба кор шурӯъ намудааст.

Эраҷ Азимов

Ҳуқуқшинос-мушовир

Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон (славянӣ). Аз соли 2016 инҷониб дар Ташкилот ба ҳайси ҳуқуқшинос фаъолият бурда истодааст. Инчунин роҳбарии "Маркази рушди ҷавонон"-и дар назди "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" амалкунандаро ба уҳда дорад.

Тахмина Саидова

Мутахассиси соҳаи тиб

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали Ибни Сино. Соли 2008 Магистратураро бо ихтисоси "Акушер гинеколог" хатм намудааст. Аз соли 2013 фаъолияташро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон оғоз намудааст. Дар Ташкилот оид ба барқарорсозии ҷабрдидагони шиканҷа машғул аст.

Шоймардонов Анушервон

Асситент оид кор бо ҷавонон

Донишҷӯи курси 4 -уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Дар Ташкилот фаъолияташро аз соли 2018 оғоз кардааст. Ассистент оид кор бо ҷавонон дар "Маркази рушди ҷавонон"-и дар назди "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" амалкунанда фаъолият намуда истодааст.