Дар бораи ташкилот

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ягона ташкилот дар миқёси Осиёи Марказист, ки баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ фаъолият мебарад. Ташкилот моҳи октябри соли 2013 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаштааст.

Мақсади асосии ташкилот ин ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ, таҳкими назорати шаҳрвандӣ аз болои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат намудан ба иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳаёту фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, ба беҳтар намудани вазъи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ, барои беҳтар намудани шароити зисти сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ, дастгирӣ ва кўмак ба фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ дар идоракунии қисмҳои ҳарбӣ ва таҳкими ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосии хизматчиёни ҳарбӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ба ҳисоб меравад.

Ташкилот ба даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ машваратҳои ҳуқуқии ройгон пешниҳод намуда, дар суд ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро намояндагӣ мекунад, ки он аз тарафи ҳуқуқшиносон ва ҳимоятгарони баландихтисос таъмин карда мешавад. Ҳамзамон машваратҳои ҳуқуқӣ тариқи телефонҳои боварӣ барои даъватшавандагон, хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо пешниҳод карда мешаванд. Ҳамчунин аз ҷониби мутахассисони Ташкилот барои баланд бародоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва мусоидат намудан барои ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар низоми Android як барнома-замимаи маълумотии “Даъватшаванда”-ро омода намудааст, ки ин барнома гувоҳи ҳамқадами замон будани Ташкилот мебошад.

Коршиносони ташкилот боварии комил доранд, ки Артиш бояд институте бошад, ки ҳуқуқи инсонро эҳтиром ва ҳифз намуда, баҳри амалишавии он мубориза барад. Хизматчии ҳарбие, ки ҳуқуқу озодиҳои худи ӯ риоя намешаванд, наметавонад ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони дигарро эҳтиром ва ҳимоя намояд.