Ин аввалин курси онлайни дар тамоми Тоҷикистон аст, ки аз ҷониби кормандони ДОШ ташкил шудааст. Курс 9 ҳафта тӯл мекашад, ки дар давоми он иштирокчиён мавзӯъҳои муҳимтаринро аз қабили: Ҳуқуқҳои инсон чист? Таърихи ҳаракатҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Наслҳои ҳуқуқҳои инсон, пайвастагӣ ва тақсимнопазирии онҳо, механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, фаъолиятҳои ҳуқуқи инсон ва ғайра меомӯзанд. Ва инчунин яке аз беназирии ин курс дар он мебошад, ки мураббиён лексияҳоро бо истифода аз усулҳои интерактивӣ мегузаронанд. Ба иштирокчиён ҳамаи маводҳо фиристода мешавад, то ин ки онҳо бо вазифаҳо пеш аз машғулиятҳо шинос шаванд ва ҳамаи вазифаҳои иҷрошуда аз тарафи мураббиён тафтиш карда мешавад.  
Ин усул донишҳои гирифтаашро мустаҳкам менамояд ва ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки мустақилона кор кунанд.
Қайд менамоем, ки ҳамаи иштирокчиёни касбҳои гуногун ба 4 гурӯҳи хурд тақсим карда мешаванд ва онҳоро мураббиён ҳамроҳӣ мекунанд. 
Чунин усул ба ҳамаи иштирокчиён имконият медиҳад, ки чун як қисми ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дониш, малака ва таҷрибаи худ дар соҳаи ҳуқуки инсон бо якдигар мубодила намоянд.
 Ҳадафи курс дарёфт кардани шахсе, ки мекӯшад принсипҳо ва арзишҳои ҳуқуқи инсонро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ пайдо кунад, ёфтани чунин ҳомиёни ҳуқуқи фаъол дар якҷоягӣ бо онҳо, тақвияти тавоноии онҳо дар кори ҳуқуқи инсон ва тарбияи насли нави ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон мебошад.
Мо хурсандем, ки имрӯз бо иштироки зиёда аз 60 нафар иштирокчиён ва мураббиён - Дилрабо Самадова, Хуршеда Раҳимова, Шоҳсанам Шодиева, Зилола Имомова тавонистем боз як қадами дигареро ба сӯи ҷомеаи демократӣ гузорем, ки дар он ояндаи дурахшон вуҷуд дорад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here