“Ихтиёрӣ ҷинс, нажод ва синну сол надорад ва дар ҳақиқат ҳастанд фардҳое, ки аз кӯмак кардан ба шахсони эҳтиёҷманд як ҷаҳон ҳаловат мебаранд” – мегӯяд Салим Бобоназаров, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби ихтиёриён”.

Ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби ихтиёриён” таърихи тӯлонӣ дорад. Тақрибан 10 сол пеш Салим Бобоназаров бо ёру рафиқони ихтиёриаш тасмим гирифт ташкилоте созад, ки мушкилии кам будани ихтиёриён ва баланд бардоштани тасаввурот дар бораи онро, бартараф созад. Аввалин шуда, дар минтақа, моҳи феврали соли 2010, Салим Бобоназаров ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби ихтиёриён” -ро ҳамчун ташкилоти маҳаллӣ-вилоятӣ таъсис дод.

Мақсади асосии ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби ихтиёриён” ин баланд бардоштани иқтидори ҷавонон, бо замон ҳамқадам намудани онҳо ва инчунин тайёр кардани ихтиёриён барои гурӯҳҳои ташаббускор корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятиву байналхалқӣ мебошад.

Бобоназаров Салим роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби ихтиёриён” мебошад. Ӯ аз соли 2006 сар карда, дар бисёр ташкилотҳо, ҳамчун ихтиёрӣ, саҳми бевоситаи худро гузоштааст. Эшон дар муддати кӯтоҳ ҳамсинф ва ёру рафиқони худро низ ба сафи ихтиёриён ҷалб кард.

“Аз замони мактабӣ хотир дорам, ки баъди иштирок кардан дар аввалин семинари омӯзишӣ, дар дилам алангае пайдо шуд, ки ман ба соҳаи ҷомеъаи шаҳрвандӣ ворид шавам” – мегӯяд Салим Бобоназаров.

Ташкилот, аслан, бо ҷавонон кор ва фаъолияти зич дорад, аммо бо дигар қишри аҳолӣ низ кор мекунад. Муроҷиатҳои шаҳрвандон ба ташкилот, аслан як характер дорад ва ин ҳам гирифтани маълумот ва ворид шудан ба сафи ихтиёриён мебошад.

“Фикр мекунам, ки ҳамаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳамчун як оила ҳастем”.

Ташкилот бо бисёр ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва муассисаҳои давлатии минтақаи Хатлон, инчунин, бо ташкилотҳои байналхалкӣ кору фаъолияти зич дорад. Муддати солҳо бо раёсати маориф, раёсати ҷавонон ва бо ташкилотҳои байналхалқие ба монанди: GIZ, UNICEF, UNDP,  Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва сафоратхонаи Амрико ҳамкорӣ кардааст.

Соли 2018, замоне, ки дар ноҳияи Панҷ обхезӣ шуд, ихтиёриёни ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби ихтиёриён” бо кӯмак ва дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз ноҳияҳои сершумори вилояти Хатлон ва дигар муассисаҳо як аксияи хайриявие ташкил карданд ва ба аҳолии ин ноҳия лавозимоту ашёҳои аввалиндараҷаро дастрасӣ карданд.

“Шодии онҳоро дида мо як чаҳон баҳра бурдем, душвор аст ин ҳиссиётро бо сухан фаҳмондан”.

Соле қабл, ташкилоти ҷамъиятии “Мактаби ихтиёриён” аксия хайриявие бо номи “Бобои барфии ман” ташкил кард, ки мақсади он амалӣ сохтани 40 мактуби кӯдакони маъюб ба бобои барфӣ буд. Ташкилот дар сомонаҳои иҷтимоӣ ин аксияро эълон кард ва бо кӯмаки ихтиёриён ва шахсони дигар орзӯи 40 тифли маъюбро иҷро кард.

Ташкилот дар тӯли фаъолияташ зиёда аз 20 лоиҳаро дар соҳаҳои иҷтимоӣ, тиб ва маориф бомуваффақият амалӣ кардааст.

Ҳамчунин, соли гузашта ташкилот яке аз лоиҳаҳои муҳимро ба анҷом расонид, ки номи он: “Навовариҳо дар ҷалби иштирокчиён аз гурӯҳи хатар” буд. Ин лоиҳа аз тарафи Институти “Чамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дастгирӣ шуд. Дар доираи лоиҳа, машғулиятҳо барои пешгирии нашъамандӣ миёни кӯдакони осебпазир гузаронида шуд. Ногуфта намонад, ки зиёда аз 20 ихтиёрии ташкилот ба ин омӯзишҳо ҳамчун тренер ҷалб карда шуданд, ки онҳо бо усули ҳамсол ба ҳамсол ба кӯдакони гурӯҳи осебпазир омӯзишҳо мегузаронданд. Дар охири ин лоиҳа, ташкилот як чорабинии калони варзишие таҳти шиори: “Ҷавонон тарафдори тарзи ҳаёти солим” ташкил кард, ки дар он зиёда аз 100 нафар ҷавонон иштирок варзиданд.

Саҳми ташкилоти ҷамъиятии “Мактиби ихтиёриён” дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа назаррас аст. Масалан, дар соҳаи тиб ихтиёриёни ташкилот ба воситаи таблиғоти пешгирии касалиҳои аҳамияти иҷтимоидошта, яъне ВНМО, касалиҳои бо роҳҳои алоқаи ҷинсӣ гузаранда ва пешгирии нашъамандӣ саҳми худро гузоштаанд. Инчунин, дар ташкилот театрҳои мобилӣ мавҷуд аст, ки мақсади он ба воситаи саҳначаҳо нишон додани мушкилотҳои ҷомеа мебошад. Дар соҳаи маориф  саҳми арзандаи ихтиёриёни ташкилот дар он дида мешавад, ки онҳо ба мактаббачагон дарсҳои тарзи ҳайёти солимро бо усули ҳамсол ба ҳамсол гузаронидаанд. Дар соҳаи иҷтимоӣ бошад, ташкилот якчанд маротиба аксияҳои хайриявӣ дар хонаи маъюбон ва пиронсолон гузарондааст, ки дар он ихтиёриёни ташкилот ба ин шахсони эҳтиёҷманд дидан намуданд ва кӯмак расонданд.

“Ман кори худро бениҳоят дӯст медорам” – мегӯяд Салим Бобоназаров.

Эшон дивизи худро “баробарии ҳама” дониста, хамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ташкилот бо тарзи демократӣ ва бо розигии ҳама масъалаҳо роҳи ҳалли худро ёбанд.

“Ҷавонон бояд дилхоҳ имконияте, ки ҳаст истифода баранд. Мо ояндаи миллат ҳастем ва мо бояд кӯшиш кунем, ки як таҷрибаи бое ба даст биёрем ва ҷумҳуриамонро пеш барем”.

Суроғаи ташкилот ва шахсони масъул:

ш. Бохтар Кучаи мирзокодироав 4

school_volonteers@mail.ru

Бобоназаров Салим 902209229

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here