“Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Хар як инсон бояд ҳуқуқ дошта бошад ва аз ҳама муҳим, бояд онҳоро донад” – мегӯяд Гулчехра Раҷабова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва кафолат” дар ноҳияи Муъминобод.

Раҷабова Гулчеҳра аз замони хӯрдӣ орзӯи милиса шудан дошт ва мехост, ки рӯзе пироҳани ҳарбиро ба бар карда ба мардуми худ содиқона хизмат кунад. Баъди гузашти замон, эшон муддати 18 сол дар прокуратураи ноҳияи Муъминобод кор карда, таҷрибаи кории бой пайдо кард, ва инчунин, муддати солҳо бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ, кор ва фаъолият бурдааст.

“Яке аз сабабҳои асосии таъсис додани ташкилот, ин сатҳи пасти маърифатнокии аҳолии ноҳия буд”.

Баъди ба даст овардани таҷрибаи бойи корӣ, Раҷабова Гулчеҳра тасмим гирифт, ки ташкилоти худро таъсис диҳад ва ба аҳолии зодгоҳаш хоксорона хизмат кунад. Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва кафолат” соли 2014 аз қайди Вазорати адлияи вилояти Хатлон гузашта, кор ва фаъолияти худро оғоз кард. Яке аз мақсадҳои асосии ташкилот, ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад. Дар ташкилоти ҷамъиятии «Ҳукук ва кафолат» адвокатҳо ва ҳуқуқшиносоне ҳастанд, ки ба шахсони имконияташон маҳдуд, занони камбизоат ва умуман, ба қишри осебпазири аҳолӣ, ёрии ҳуқуқии ройгон  мерасонанд.

Шаҳрвандон ба ташкилоти мо бо масъалаҳои гуногун муроҷиат мекунанд. Яке аз муроҷиатҳои асоситарин ин масъалаи нагирифтани нафақаи маъюбӣ, мушкилотҳои заминӣ, инчунин ситонидани алимент ва тақсимоти молу мулк дар вақти вайрон шудани оила мебошад.

“Шахсоне буданд, ки дорои маъюбияти гурӯҳи якум ва дуввум доштанд, лекин аз сабаби надонистани ҳуқуқҳояшон, муддати солхо бе нафақа монда буданд”- мегӯяд Раҷабова Гулчеҳра.

Ташкилот, бо мақсади баланд бардоштани маърифати хуқуқии аҳолӣ, дар 45 деҳаи панҷ ҷамоати ноҳия, семинару чорабиниҳо гузаронд. Баъди гузаронидани ин семинару чорабиниҳо, бо кӯмаки бевоситаи ташкилот ва рохбари он, 29 шахси дорои маъюбиятдоштае, ки болои бистар буданд, соҳиби нафақа гаштанд.

Барои пешбурд ва баланд бардоштани ҳуқуқи занҳо, ташкилот мунтазам мизҳои мудаввар ва вохӯриҳоро бо вакилон ва занони пешқадами ҷамоатҳои ноҳия мегузаронад.

“Аксияе гузаронида будем, ки дар он шахсан ман бо пешқадамҳои ҷомеа ва муллои маҳалла, саҳначаи зӯроварӣ дар оиларо ба мардум нишон додем” – мегӯяд Гулчеҳра Раҷабова.

Барои боз ҳам зичтар ҳамкорӣ кардан бо мардум ва беҳтар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ташкилот дар чорибиниҳои худ пешқадамҳои динниро низ даъват мекунад ва онҳо дар навбати худ, ба занҳо ҳуқуқҳои онҳоро аз ҷиҳати дин мефаҳмонанд.

Дар солҳои аввали кор, ташкилот бо бисёр мушкилиҳо дучор мегашт. Яке аз душвориҳои асосӣ, ин иштирок накардани занони деҳот дар чорабиниҳои ҳуқуқӣ-маърифтанокӣ буд, ва якчанд бор кормандони ташкилотро аз ҷамоатҳо пеш карданд, то ки ба занҳо ҳуқуқ ва озодиҳои онҳоро нафаҳмонанд. Аммо, айни ҳол, вазъият дигар шудааст ва занҳои ҷамоату деҳотҳои ноҳияи Муъминобод фаъолона дар чорабиниҳо ва семинар-омӯзишҳое, ки барои баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқӣ равона гаштаанд, иштирок мекунанд.

“Баъди чорабиниҳои сершумор, занҳои мо фаҳмиданд, ки ҳуқуқ ва ӯҳдадорӣ чист ва онҳо дорои чӣ гуна имкониятҳо ҳастанд”.

Ташкилот бо бисёр ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ ҳамкорӣ дорад. Ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва кафолат” бо ташкилоти байналхалқии CARITAS Шветсария зиёда аз 130 семинар – омӯзишҳо дар мавзӯи: “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ дар мактабҳо, ташкилотҳо ва ҷамоатҳо бо муваффақият гузаронидааст. Ҳамчунин, дар доираи “барномаи ислоҳоти милитсия” бо Дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе, хамкорӣ карда истодааст. Ногуфта намонад, ки ташкилоти ҷамъиятии “Ҳуқуқ ва кафолат” бо ташкилотҳои ҷамъиятии “Зан ва замин”, “Зан ва оила”, “Фидокор”, “Нобиноён”, “Наҷоти кӯдакон, ва ”Заршедабону” ҳамкории гуногунҷабҳа кардааст.

“Зиёда аз 2 сол мешавад, ки ташклот ягон лоиҳа надорад, аммо ба ин нигоҳ накарда, мо ба аҳолии ноҳия ёрии ҳуқуқии бепул расонида истодаем”

Суроға ташкилот ва рақамҳои шахси масъул:

н.Муъминобод, ҷамоати шаҳраки Муъминобод, кӯчаи И.Сомонӣ, №42/2

Раҷабова Гулчеҳра Асоевна – 987467546

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here