БАРОИ ОЯНДАИ ДУРАХШОН ВА РУШДУ ПЕШРАВИИ ТОҶИКИСТОН

Ин шиори Ташкилоти Ҷамъиятии “Бонувони фардо” аст, ки 21 сол боз дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон фаъолият мебарад.

Ташкилоти ҷамъиятии “Бонувони фардо” ташкилоти ҳомиёни ҳуқуқ буда, фаъолияташ ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нигаронида шудааст. Яъне, фаъолиятҳои иттилоотию маърифатӣ, дастгирии ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва равонии шаҳрвандон. Ташкилот дар 25 ноҳияи вилояти Хатлон фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Ташкилоти ҷамъиятии “Бонувони фардо” дар солҳои баъдиҷангӣ, дар баробари садои ҷанги шаҳрвандӣ, ҳангоми харобиҳои зиёди баъди ҷанги, вақте ки кишвар дар мушкилот ва душворҳо фурӯ рафта буд ва шаҳрвандони мо аз Афғонистони ҳамсоя бармегаштанд, созмон дода шуд. Моҳи октябри соли 1999 як гурӯҳ занони ташаббускор дар ноҳияи Шаҳритуз бо роҳбарии Ҷабборова Венера Анатолевна ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони фардо» -ро таъсис доданд, ки маънояш «занони оянда» мебошад. Дар бораи таърих, шиор ва рисолати ташкилот суханронӣ кардан, Венера Анатолевна ба логотипи ташкилот диққати махсус медиҳад.

“Дар логотипи мо як зан бо ситорае дар даст кашида шудааст. Ин ситораи алфа сентаври аст, яъне ситораи оянда “.

Ба гуфтаи Венера Анатолевна, дар ибтидо ташкилот барои дастгирии занон таъсис дода шуда буд, аммо он ба хотири гулгулшукуфоӣ ва ояндаи нек барои тамоми аҳолии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард.

“Вақте ки мо ташкилотро кушодем, мо на идорае доштем ва на маълумоти кофӣ дар бораи чӣ гуна кор кардан ва чӣ кор кардан”.

ТҶ “Бонувони фардо” ба зудӣ ба ҷустуҷӯи созмонҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятие, ки лоиҳаҳо ва ғояҳои онҳоро дар соҳаи ҳуқуқи инсон дастгирӣ мекунанд, оғоз намуд. Айни замон ин ташкилот узви “Шабакаи ташкилотҳои ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон”, эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии минтақаи ҷануби вилояти Хатлон “Ҷануби Хатлон” ва эътилофи “Аз баробарии воқеӣ ба баробарии ҳуқуқӣ” мебошад, ки ташкилот дар доираи он, қабули қонун оид ба зӯроварӣ дар оила-ро пешбари намуд ва ин қонун чанде баъд қабул карда шуд.

Ташкилот бо бисёр ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ зич ҳамкорӣ мекунад, ҳамеша дар ҷустуҷӯи шарикон буда, дар озмунҳои лоиҳавӣ иштирок менамояд. Тӯли 10 сол, ТҶ “Бонувони фардо” дар доираи лоиҳаи ислоҳоти замин бо оҷонсии USAID ҳамкориҳои мутақобилан судмандро амалӣ кардааст, 7 лоиҳа бо Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бомуваффақият амалӣ карда шудааст ва инчунин ташкилот бо UNDP дар чорчӯбаи лоиҳа оид ба таъминоти иқтисодии имкониятҳо ва дастгирии занони соҳибкор дар ноҳияи Шаҳритуз ҳамкорӣ мекунад. Дар тӯли фаъолияташ ин ташкилот беш аз 70 лоиҳаи ташаббусҳои шаҳрвандиро ба маблағи умумии 632 ҳазор доллари ИМА бомуваффақ амалӣ кардааст.

Рисолати (миссияи) ташкилот ин: ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон мебошад ва мутобиқи ин рисолат, ташкилот ба шаҳрвандоне, ки муроҷиат мекунанд, фаъолона ёрии ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва равонӣ мерасонад.

Ба гуфтаи Венера Анатолевна, фермерон ва сокинони деҳот аксар вақт ба ташкилот оид ба масъалаҳои истифодаи замин муроҷиат мекунанд. Ташкилот, дар навбати худ, ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳоро дар мақомоти гуногун ҳифз мекунад. Илова бар ин, ТҶ “Бонувони фардо” бо аҳолии камбизоат, кӯдакон ва занон, аз ҷумла қурбониёни зӯроварӣ дар оила, ҳамкории зич дорад.

“Мо ҳолате доштем, ки модари тифли 7-моҳаро, ки ӯ ҳоло ширхур буд, аз хона пеш карданд ва гуфтанд, ки дигар ба мо чунин келин лозим нест ва ӯ чанд рӯз дар канори обёрҳои пахта шаб гузаронидааст”.

Ин яке аз ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила мебошад, ки қурбонии ӯ ба ТҶ “Бонувони фардо” барои кӯмак, муроҷиат кардааст.

Венера Анатолевна дар бораи мушкилоти зӯроварӣ дар оила, баробарии гендерӣ, ҳуқуқҳои занон ва руштибонии онҳо, хусусан дар деҳот ва минтақаҳои кишвар, сухан ронда, масъалаи ҳалнашуда ва вайронкунии воқеии ҳуқуқҳои онҳоро таъкид мекунад.

“Ман дар ҳақиқат корамро дӯст медорам ва худро зани хушбахт мешуморам, зеро кори дӯстдоштаамро иҷро мекунам”.

Натиҷаҳои кор, дидани чашмони хушбахти шаҳрвандон ва шунидани сипосҳояшон ба кормандони ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони фардо» илҳом бахшида, минбаъд низ барои беҳбудии Ватан ва мардуми худ хидмат намудан равона месозад.

Суроғаи ташкилот ва рақамҳои телефони шахси масъул:

н. Шахритуз,  шахраки Шахритуз, кучаи И.Сомонї, 28 Б

 Чаббарова Венера

(83240)2-28-88, (93)5554622

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here