Хабари деринтизор!

0
659



Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо дастгирии молиявии Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон санаи 21.02.2020, соати 14:00, дар шаҳри Хуҷанд, Co-working space TUT “Гуфтугӯ оид ба ҳуқуқи инсон” ташкил менамояд.

Дар “Гуфтугӯ оид ба ҳуқуқи инсон” киҳо иштирок мекунанд?
Дар “Гуфтугӯ оид ба ҳуқуқи инсон” адвокатҳо, ҷавонон, волонтёрон, намояндагони созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ, рӯзноманигорон, блогерон, фаъолон ва дигар хоҳишмандон иштирок карда метавонанд.

Барои иштирок дар ин чорабинӣ, чӣ кор бояд кард?
Барои иштирок то санаи 18.02.2020, соати 17:00 ба ин ҷо дохил шуда, худро номнавис кунед.
Баъди номнавис кардан, ҳатман санаи 19.02.2020 ба Шумо ҷавоби дархостатонро мегӯем.

Шумо саволи иловагӣ доред?
Пас, ба ин рақамҳо дар тамос шавед, ба Шумо дар муддати кӯтоҳ ҷавоб медиҳанд: +992 (98) 7751005 +992 (92) 7341005 (Фахриддин Фузайлов).

Моро дар Фейсбук пайгирӣ намоед: Фейсбук.



LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here