14-уми декабри соли 2019 дар шаҳри Хуҷанд “Гуфтугӯ оид ба ҳуқуқи инсон” бо иштироки зиёда аз 50 нафар, доир гашт.
Дар чорабинии мазкур адвокатҳо, коромӯз-адвокатҳо, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, донишҷӯён, хонандагони мактаб ва одамони касбу кори гуногун ширкат варзиданд.

Хуршеда Раҳимова, Фахриддин Фузайлов

Бо сухани ифтитоҳии Директори Филиали ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, Хуршеда Раҳимова чорабинии мазкур оғоз ёфт. Раҳимова чорабиниро оғоз намуда оиди дастгирии молиявии он ёдовар шуд ва ҳозиринро хуш омадед гуфт.
Дар Гуфтугӯ оид ба ҳуқуқи инсон баромадкунандагони соҳибтаҷриба даъват шуданд. Рустам Гулов мутахассис оиди расонаҳои нав дар Internews-Тоҷикистон оиди мавзӯи “Озодии сухан” ва Некбахт Орзу, ҳуқуқшинос оиди “Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳуқуқи инсон” нақл намуданд.

Рустам Гулов


Пас аз баромадҳои Рустам Гулов ва Некбахт Орзу саволҳои иштирокчиён шунида ва ба он посухҳо дода шуд.

Некбахт Орзу


Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ виктарина оиди ҳуқуқи инсон доир гашт, ки ба он иштирокчиён фаъолона ширкат намуда соҳиби тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

Иштирокчиён

Чорабинии Гуфтугӯ оид ба ҳуқуқи инсон аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти Байналмиллалии Институти Ҷамъияти Кушода “Бунёди Мадад” дар Тоҷикистон ташкил ва роҳандозӣ карда шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here