Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, санаҳои 8 ва 9-уми ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар, Меҳмонхонаи “Бохтариён”, барои адвокатҳои вилояти Хатлон, тренинги омӯзишӣ ташкил намудааст.

Дар тренинги мазкур, тренерони бо таҷрибаи соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумлаи Дилафрӯз Самадова-адвокати муваффақ, Дилшод Ҷураев-мушовири Комиссияи байналмиллалии ҳуқуқшиносон
#ICJ ва Умед Ниёзов-адвокати соҳибтаҷриба, ба иштирокчиён оид ба мавзуъи “Хусусияти муҳими ҳимояи адвокатҳо, ҳуқуқҳимоякунандагон, рӯзноманигорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ” маҳғулиятҳо мегузаронанд.

Тренинги мазкур аз ҷониби Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ташкил ва роҳандозӣ хоҳад шуд.

Хабарҳои моро пайгирӣ намоед: Фейсбук

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here