Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Сivicus бо мақсади маълумотнок намудани намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ оиди тартиби дурусти PR ва паҳн намудани маълумот дар бораи ташкилот, санаи 7-9 уми ноябри соли равон, барои намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии дар ҳудуди вилояти Хатлон қарор дошта, тренинги се руза, ташкил намудааст.

Ҷои баргузории тренинг, шаҳри Бохтар мебошад. Барои иштирокчиёни аз шаҳру ноҳияҳои дурдаст, хароҷоти роҳ ва шабонарӯзӣ пардохт карда мешаванд.

Агар, Шумо намояндаи ташкилоти ҷамъиятӣ ё фонди ҷамъиятӣ ҳастед? Пас, ин тренинг барои Шумост.

Барои иштирок дар тренинг Шумо бояд то 3-юми ноябри соли 2019, дархости зеринро пур намоед. Дархост

Аз сабаби зиёд будани талабот, ва маҳдуд будани шумораи иштирокчиён, танҳо довталабони барои иштирок дар тренинг роҳёфта хабардор карда мешаванд.

Барои гирифтани маълумоти бештар ба рақамҳои зерин тамос гиред: +992 939080497, 935055158.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here