Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, тренинги ду рӯзаро барои адвокатҳо ва коромӯз-адвокатҳои вилояти Суғд ташкил ва роҳандозӣ намуд.


Тренинги мазкур оид ба “Хусусияти муҳими ҳимояи адвокатҳо, ҳуқуқҳимоякунандагон, рӯзноманигорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ” буда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу маҳорати касбиву ҳуқуқии адвокатҳо ва коромӯз-адвокатҳо роҳандозӣ гардид.


Тренерон, Садриддин Саидов-Раиси мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Dilafruz Samadova-адвокати Мақоми минтақавии Иттифоқи адвокатҳои Суғд, Дилшод Джураев (Delshad Jurayev)-мушовири Комиссияи байналмиллалии ҳуқуқшиносон #ICJ, Собиров Сӯҳробҷон-корманди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, бо лаёкати баланди тренерӣ, кӯшиш намуданд, нозукиҳои кори адвокатро ба иштирокчиён фаҳмонанд.
“Тренинг хело хуб ва самаранок гузашт. Иштирокчиён фаъол буданд. Бовар дорам, ки тренинги мазкур натиҷабахш хоҳад шуд.
Ба ғайр аз машғулиятҳои назариявӣ, иштирокчиёнро ба гурӯҳҳо муттаҳид намуда, бо онҳо машғулиятҳои амалӣ, низ гузаронидем, ки ҳар яки онҳо аз якдигар хубтару беҳтар иҷро намуданд.
Бо қисми дигари адвокатҳо, низ агар ҳамин гуна тренинг гузарад, аз манфиат дур нахоҳад шуд.”
Мегӯяд тренери мо Садриддин Саидов Раиси мақоми минтақавии Иттифоқи Адвокатҳо дар вилояти Суғд. Номбурда собиқаи беш аз 15 солаи адвокатӣ дошта, дар фаъолияти касбиаш хело муваффақ аст.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ умед ба он дорад, ки иштирокчиён, он донишу маҳорати аз худ намудаашонро, барои ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон мерасонанд.
Хабарҳои дигари моро пайгирӣ намоед.

Саҳифаи расмии мо дар Фуйсбук

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here