Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ташкилотест, ки бевосита дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Яке аз самтҳои фаъолияти ташкилот, ин барқароркунии қурбониёни шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ мебошад.


Бо мақсади бозҳам тақвият бахшидани сифати ёрӣ ба қурбониёнӣ шиканҷа ва дигар муносибатҳои ғайриинсонӣ, Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, санаи 22-уми октябри соли равон, дар шаҳри Гулистон-и вилояти Суғд, тренинг доир намуд.


Дар тренинги мазкур, кормандони иҷтимоии Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, иштирок намуда, маълумоти худро оиди чи тавр бо қурбониёни шиканҷа кор кардан, зиёдтар намуданд.


Боиси қайд аст, ки тренинги мазкур, дар доираи лоиҳаи Фонди ихтиёрии Созмони Миллали Муттаҳид барои барқароркунии қурбониёни шиканҷа, ташкил ва роҳандозӣ гардид

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here