Имрӯз, дар шаҳри Хуҷанд, барои 20-нафар адвокатҳо ва коромӯз-адвокатҳои вилояти Суғд, тренинг дар мавзуъи “Хусусияти муҳими ҳимояи адвокатҳо, ҳуқуқҳимоякунандагон, рӯзноманигорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ” ташкил ва роҳандозӣ гардид. Мақсади баргузории тренинги мазкур, пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи донишу маҳорати касбиву ҳуқуқии адвокатҳо ва коромӯз-адвокатҳо мебошад.

Дар тренинги мазкур, се нафар тренерони ботаҷрибаи соҳаи ҳуқуқи инсон, Саидов Садриддин– Раиси Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар вилояти Суғд, Самадова Дилафрӯз -адвокакт ва Собиров Сӯҳроб -корманди Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд мавзуъҳои зеринро: “Хусусиятҳои муҳими фаъолияти намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқҳимоякунандагон, рӯзноманигорон, адвокат  ва фаъолон”, “Этикаи адвокат”, “Мустаҳкам кардани стратегия ягонаи мехназими миллии ҳимоя” ва “Хусусиятҳои муҳими механизми миллии ҳимоя”-ро ба ҳозирин фаҳмониданд.

Як иштирокчии мо Зикруллоев Хусрав, коромӯз-адвокат, дар суҳбат бо мо чунин қайд намуд: “Имрӯз тренинг дарҳақиқат дар сатҳӣ олӣ гузашт. Бисёр чизҳои муфидро омӯхтем, ки дар оянда метавонем ҷиҳати татбиқашон дар амалия кӯшишҳои худро ба харҷ медиҳем.”

Тренинги мазкур, бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, аз ҷониби Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил ва роҳандозӣ гардида истодааст.


Пагоҳ, аз соати 09:00 рӯзи дуюми тренинг баргузор хоҳад гардид. Хабарҳои дигари моро пайгӣ намоед.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here