Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” барои 20-нафар адвокатҳои вилояти Суғд, тренинги омӯзишӣ дар мавзуъи “Хусусияти муҳими ҳимояи адвокатҳо, ҳуқуқҳимоякунандагон, рӯзноманигорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ” ташкил намудааст.

Дар тренинги мазкур се нафар тренерони соҳибтаҷриба, аз ҷумлаи Саидов Садриддин, Самадова Дилафрӯз ва Собиров Сӯҳроб ҷалб шудаанд, ки санаҳои 22 ва 23-уми октябри соли равон дар Қаҳвахонаи “Хушбахтӣ”, 20-нафар адвокатҳои вилоятро меомузонанд.

Боиси қайд аст, ки тренинги мазкур бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, аз ҷониби Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкил ва роҳандозӣ гардидааст.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here