Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ бо дастгирии молиявии Дафтари САҲА дар ш. Душанбе ва Фонди ҷамъиятии “Ташаббусҳои ҳуқуқӣ” Мактаби тобистона оид ба ҳуқуқи кӯдакро баргузор кард. Мактаби мазкур аз 26-ум то 28-уми августи соли 2019 дар осоишгоҳи Баҳористон, шаҳри Гулистон, вилояти Суғд шуда гузашт.

Ҳадафи ин мактаб такмили маҳорат ва дониши иштирокчиён оид ба ҳуқуқи кӯдак, психологияи кӯдак, таълим додани нозукиҳои омӯзиш буд, то ки онҳо дар оянда худашон чорабиниҳои марбут ба ҳуқуқи кӯдакро баргузор намоянд.

Иштирокчиёни ин мактаб 30 нафар волонтёрони фаъоли “Ҷавонони ташаббускор”- и назди ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” буданд.

Тренерҳо дар мактаб мазкур,

Гулчеҳра Раҳмонова – ҳуқуқшинос, роҳбари Фонди ҷамъиятии “Ташаббусҳои ҳуқуқӣ”

Сӯҳроб Собиров – тренери ботаҷриба ва ҳамоҳангсози маркази рушди ҷавонони Филиали Дафтари Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари Озодиҳои шаҳрвандӣ”

Мадина Шарипова – равоншинос, номзади илмҳои психологӣ, дотсенти кафедраи психологияи ДМТ
буданд.

Мавзӯъҳо: Мафҳуми ҳуқуқи кӯдак, ҳуқуқҳои кӯдак мувофиқи санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ, даврабандиҳо ва махсусиятҳои синну солӣ, некӯаҳволии кӯдак, принсипҳои асосии ҳимояи ҳуқуқи кӯдак, ҳимояи кӯдак аз ҳама намуди зӯроварӣ ва истисмор, стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ, воситаҳои мусоиди таъсиррасони ба кӯдак вобаста ба ҳолат, вазъият ва мавқеи иҷтимоӣ, ба эътиборгирии воситаҳои ғайришифоҳии муошират ҳангоми ба роҳ мондани муносибати мутақобила бо кӯдак, методҳои муосир барои омӯзонидани ҳуқуқи кӯдак (назария ва амалия) дар рафти мактаб фаро гирифта шуда буданд.

Дар рӯзи сеюм, иштирокчиён ба гурӯҳҳо муттаҳид шуда, оид ба ҳуқуқи кӯдак ба боқимонда иштирокчиён тренинг гузарониданд. Онҳо донишҳои аз тренерон гирифташударо истифода бурданд. Ҳар як гурӯҳ аз ӯҳдаи ин вазифа бомуваффақият баромаданд, ки ДОШ аз ин бисёр ҳам мефахрад.

Дар давоми се рӯз, аз соати 9:00 то 18:00, қисми расмӣ буд, ки дар он иштирокчиён ҷаҳони гуногуни донишро кашф намуда малакаҳои нав гирифтанд. Бегоҳӣ, пас аз хӯроки шом, қисми фарҳангӣ, ки тавассути бозиҳои гурӯҳӣ, иштирокчиён боз ҳам муттаҳидтар мешуданд, гузаронида мешуд. Иштирокчиён натанҳо соҳиби дониш ва дӯстони нав шуданд, балки истироҳат ва нерӯи тоза низ ба даст оварданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here