Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ санаи 29-уми июли соли равон беш аз 40-нафар ҷавонони ҳавасманди ҳуқуқшинос-иштирокчиёни Мактаби тобистона оид ба ҳуқуқи инсонро дар шаҳри зебои Гулистон пешвоз гирифт. Иштирокчиён дар давоми чор рӯз барномаи самарабахши омузишии ҳуҳуқи инсонро бо беҳтарин тренерони пешқадами соҳаи мазкур дар ҷумҳурӣ, ба монандӣ Нигина Баҳриева, Самадова Дилафрӯз, Суҳроб Собиров ва Умед Ниёзов,омӯхтанд. Рӯзи аввал чунин мавзуъҳоро дар бар гирифт: “Ҳуқуқи инсон чист?”, “Баробарӣ ва манъи табъиз”, рӯзи дуввум иштирокчиён мавзуҳои “Механизмҳои байналхалқӣ ва миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон” ва “ Омода ва тартиби пешниҳод намудани шикояти алоҳида ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи инсон”-ро аз худ намуданд. Рӯзи сеюм иштирокчиён мавзуҳои “Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа” , “Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият” ва рӯзи чорум бошад мавзуи “Ҳуқуқ ба баррасии адолатноки судӣ” –ро аз худ намуданд. Мо боварии комил дорем, ки ҳар як иштирокчӣ тавонист арзиши олӣ доштани ҳуқуқҳои инсонро эҳсос ва эътироф намояд ва қодир аст дар оянда дониш ва қобилиятҳои соҳибшударо самаранок истифода барад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here