Ташкилоти ҷамъиятии “ Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” барои хамаи хоҳишмандон  озмуни логотипи беҳтарини Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва гурӯҳи “Ҷавонони ташаббускор” – и ташкилоти мазкурро эълон менамояд.

Киҳо метавонанд дар озмун иштирок кунанд?

Ҳама метавонанд иштирок намоянд!

Барои иштирок кардан расмҳо, тасвирҳо, суратҳо ва умуман логотипҳоро ба почтаи электронии зерин равон кунед: ozmun.dosh@gmail.com

Муҳим!

Логотип бояд бо 3 забон сохта шуда бошад (русӣ, тоҷикӣ, англисӣ);

Логотипи беҳтарин бо туҳфа сарфароз мегарад ва барои пешбурди манфиати ҷамъият фоида меорад.

 Мӯҳлат: охирин рӯзи фиристодани логотип, 1 сентябри соли 2019.

Ташкилоти мо чӣ кор мекунад?

Ташкилоти ҷамъиятии “ Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» – дар ду шаҳр офис (дафтар) дорад: дар шаҳри Душанбе – идораи асосӣ ва дар ш. Хуҷанд. Ташкилоти ҳомии ҳуқуқи мазкур дар се самт кор мекунад:

  1. Ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон;
  2. Тақвияти ҷомеаҳои ҳомии ҳуқуқ, махсусан некӯаҳволӣ ва бехатарии ҳомиёни ҳуқуқи инсон: журналистон, ҳуқуқшиносон, фаъолони гражданӣ;
  3. Кор бо ҷавонон.

Дар «Маркази рушди ҷавонон» – и назди ТҶ «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», гурӯҳи  «Ҷавонони ташаббускор” мавҷуд аст, ки дар он беш аз 50 волонтёрон ва дебатерон  фаъолият мебаранд. Ин марказ барои таҳкими шаҳрвандии фаъол дар байни ҷавонон, арзишҳои ҳуқуқӣ ва демократия равона карда шудааст.

Маркази захиравӣ барои ҳамаи ҷавонон шароитҳои зеринро фароҳам меорад: китобхона, компютерҳои бо интернет пайваст, фазои мусоид ва илҳомбахш барои идеяҳо ва донишҳои нав мебошад.

Дар марказ тренингҳо ва семинарҳои гуногун, чорабиниҳои хайриявӣ, бозии кории мурофиаи судӣ (СИП), дар баробари ин клуби бозиҳои интелектуалии «ЧГК», клуби мубоҳисавии “DC”, ҳамчунин барои иштирокчиёни фаъол, макотибҳои тобистона ва зимистона ташкил карда мешаванд.

Ташкилоти ҷамъиятии “ Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”

Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи С. Айни, хона 19, ҳуҷраи 137.

Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “ Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд:

Шаҳри Хуҷанд,

Телефон барои тамос:..

www.freedom.tj

www.freedom.portal.tj

ozmun.dosh@gmail.com

+992927341005

+992987751005

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here