Имрӯз, 8 – уми июли соли равон, дар Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва филиали он дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, вохӯрӣ бо иштирокчиёни барнома доир гардид. Барномаи лоиҳа, мақсаду вазифа ва чорабиниҳои он, ки бевосита дар самти пешбурди фаъолиятӣ ҳомии ҳуқуқ ва адвокатҳои ҷавон равона мебошад, барои иштирокчиёни барнома муаррифӣ карда шуд.


Раҳимова Хуршеда – Директори ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд

Дар Душанбе Уғулой Бобоева – ассистенти ҳамоҳангсози лоиҳа дар шахри Душанбе ва дар Хуҷанд бошад хамохангсози лоиха Раҳимова Хуршеда – Директори ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо суханони ифтитоҳии худ чорабиниро оғоз намуда, ҳозиринро шодбош гуфтанд.

Сипас, бо якчанд усулҳои шавқовар бо ҳозирин шиносоӣ доир гардид.

Аз ҷониби масъулини ташкилот Имомова Зилола ва Угулой Бобоева ба ҳозорин оиди таърихи таъсис, самтҳои фаъолият ва умуман дар бораи ташкилот маълумот дода шуд. Сипас барномаи лоиҳа ба ҳозирин пешкаш гардид ва ҳозирин фикру ақидаи худро барои боз ҳам беҳтар гардонидан иброз намуданд. Ҳамзамон аз иштирокчиён савол ва пешниҳоду дархостҳояшон қабул карда шуда, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Вохӯрии мазкур дар доираи лоиҳаи ТҶ “ДОШ” дар ҳамкори бо Human Rights Matter (Олмон) ташкил карда шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here