Дар 30 Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои наздисарҳадии ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳри Исфара семинар-тренингҳо бо таълимгирандагон, омӯзгорон, фаъолон ва падару модарон доир карда шуд. Семинар-тренингҳо дар мавзуи “Ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак дар вақти убури сарҳад” буда он бо ибтикори Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” бо дастгирии молиявии ЮНИСЕФ ташкил ва роҳандозӣ шуд. Тренингҳои мазкур аз аввали моҳи июни соли ҷорӣ оғоз шуда, то нимаи дуюми ҳамин моҳ идома кард.

Дар ҳар як муассисаҳо намоянда аз Шуъбаи маъорифи шаҳр ё ноҳия, ҳамчунин шахсони масъул аз Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” Алиджанова Мутриба ва Мусаева Зульфия ширкат намуданд.

Фахриддин Фузайлов тренер оид ба ҳуқуқи кӯдак, ассистенти лоиҳа оиди кор бо ҷавонон дар Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилоти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, Тимур Шарипов тренер оид ба ҳуқуқи кӯдак, ассистенти лоиҳа оид ба PR дар ташкилоти мазкур  ва Ҷаборова Мухбира тренер оид ба ҳуқуқи кӯдак, корманди ташкилоти мазкур тренерӣ намуда ба иштирокчиён оиди “Ҳуқуқи кӯдак”, “Тартиби гирифтани шиносномаи хориҷӣ ва раводид (виза)”, “Тартиби қонунии убури сарҳади давлатӣ” ва дигаор масъалаҳои муҳим фаҳмониданд.

Бо мақсади тайёр намудани тренерҳои нав, ба ҳар як семинар – тренингҳо як ё ду нафарӣ аз волонтёрони ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилоти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба ҳайси ёрдамчии тренер ҷалб  карда шуданд, аз ҷумла: Носиров Баҳром, Туракулова Шахноза, Шарифов Раҳматулло, Усмонзода Азиза ва Раҳимов Мансурҷон. Боварии комил дорем, ки ҳамаи волонтёрон баҳри пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак мусоидат хоҳанд кард.

Дар умум зиёда аз 900 – нафар хонанда ва зиёда аз 600 – нафар падар модарон, фаъолон ва омӯзгорони муассисаҳо дар тренинг фаро гирифта шуданд.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ аз ҳамкорӣ бо Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” хело шод буда, барои фароҳам овардани чунин имконият, ки панҷ волонтёрон ва се нафар кормандон барои омӯзонидани “Ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдак дар вақти убури сарҳади давлатӣ”  ҷалб карда шуданд изҳори сипос менамояд.

Аз фурсати муносиб истифода бурда ба ҳар яки саҳмгузорони чорабинӣ аз ҷумла волонтёронамон: Носиров Баҳром, Туракулова Шахноза, Шарифов Раҳматулло, Усмонзода Азиза ва Раҳимов Мансурҷон миннатдориамонро мерасонем.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here