Ёдовар мешавем, ки аз санаи 19 – ум то 31 – уми майи соли равон барои қабули коромӯз дар назди адвокатҳо ва ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқ, озмун эълон карда будем. Дар озмун аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон иштирок намуда, шартҳои озмунро хело хуб гузаштанд. Аз байни ҳамаи иштирокчиён 12 – нафарро ҳамчун коромӯз қабул намудем.
Барои бозҳам мукаммалтар намудани донишҳои коромӯзон тасмим гирифта шуд, аз санаи 21 то 23 – уми июни соли 2019 дар яке аз мавзеъҳои хушманзараи Тоҷикистон, ноҳияи Варзоб, “Осоишгоҳи Гулобод” семинар – тренингҳои омӯзишӣ дар мавзуъҳои “Ҳуқуқи инсон”, “Механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон”, “Манъи шиканҷа”, “Озодии изҳорот” ва дигар тренингҳо доир намоем. Тренерҳои семинари мазкур ҳуқуқшиноси барномаи Ассосиатсияи Ҳуқуқшиносони Байналмилалӣ Юрате Гузевичуте, Сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Самадова Дилрабо ва адвокати соҳибтаҷриба Самадова Дилафруз тренингҳои пурсамаррро гузарониданд.
Дар тренингҳои мазкур иштирокчиён хело фаъолона ширкат намуда, дониши назариявӣ ва амалии ҳуқуқии худро тақвият доданд.
Мо боварии комил дорем, ки ҳар яки иштирокчиён дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи инсон нақши беандозаи худро хоҳанд гузошт.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here