Донишҷуёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон ва коромӯзони адвокатураҳо!

Агар Шумо хоҳиши омӯхтани ҳуқуқи инсон, механизмҳои байналмилалӣ ва миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон, қонунгузорӣ оид ба адвокатура ва фаъолияти адвокатиро доред, мехоҳед дониши худро дар таҷриба ба воситаи бозии кории мурофиаи судӣ санҷед, пас Шумо имконияти хуб доред, ки дар Мактаби сеюми Тобистона оид ба ҳуқуқи инсон (Ҳуқуқи инсон. Бетабъиз) иштирок намоед.

Мактаби Тобистона аз санаи 20 то 26 августи соли 2019 дар дараи Ромит, Точикистон гузаронида мешавад.  Забонҳои кории Мактаби Тобистона: Забони тоҷикӣ ва русӣ. Иштирокчиён бо ҷои зист ва хӯрок, ва  хароҷотҳои сафар (роҳкиро) аз минтақаҳои Тоҷикистон ва Узбекистон таъмин карда мешаванд.

Довталаб бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад:

– Донишҷӯён магистрантҳо аз факултаҳои ҳуқуқшиносӣ (бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои муайянкунанда, яъне шаҳодатномаи донишҷӯӣ ва ё дафтарчаи имтиҳонот);

– Ҳуқуқшиносони ҷавон (то 30-сола);

– Коромӯз ва е ердамчии адвокатҳо (бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои муайянкунанда);

– Адвокатҳои ҷавон (то 30-сола) ва ё адвокатҳое, ки мақоми адвокатиро на бештар аз 3-сол қабл соҳиб шудаанд.

Барои иштирок ҳуҷҷатҳои зеринро то санаи 23 июни соли 2019 ба почтаи электорнии ozmun.dosh@gmail.com бо навиштаҷоти «Мактаби Тобистона – 2019»  равон кунед:

  • Резюме (CV);
  • Мактуби хавасманди;

Танхо он нафароне, ки хуччатхояшонро дуруст пешниход карда ба зинаи 2 озмун мегузаранд, бо онхо сухбат гузаронида мешавад.

Барои тамос ба ракамҳои телефони +992933331703   +992933331803 занг занед.

Telegram: +9928700108

Ташкилкунандагон: “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо дастгирии молиявии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Байналмилалӣ

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here