Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ барои ҳавасмандони фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ КОРОМӮЗИИ 6 ва 9-моҳаро бо СТИПЕНДИЯ ва имконияти гирифтани МИНИ-ГРАНТҲО эълон мекунад.

Коромӯзӣ дар назди адвокатҳои таҷрибадор ва ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда хоҳад гузашт.

Номзади беҳтарин:

Ҳуқуқшинос ва ё донишҷӯ-ҳуқуқшинос, коромӯзи адвокатура то 35 сола;

Даври аввал:

Равон намудани CV ва мактуби ҳавасмандӣ дар мавзӯи “Чаро ман мехоҳам дар коромӯзӣ иштирок намоям?” ба почтаи электронии ozmunlaw@gmail.com ва ё ба рақами 900787779 (вайбер) бо ишора намудани мавзӯи “Коромӯзӣ”.

Дархостҳои нопурра баррасӣ карда НАМЕШАВАНД!

Дархостҳо бо забони русӣ ё тоҷикӣ то санаи 31-уми майи 2019, соати 17:00 қабул карда мешаванд .

Даври дуюм:

Сӯҳбат бо номзадоне, ки аз даври якум гузаштаанд;

Бо ҳамаи саволҳо метавонед ба рақами зерин  занг занед: (992)933331703

Барномаи коромӯзӣ бо дастгирии молиявии Ассотсиатсияи байналмиллалии адвокатҳо (International Bar Association/Human Rights Institute)  ва Human Rights Matter амалӣ мегардад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here