Имрӯз, 11-уми апрел дар “Маркази рушди ҷавонон”-и назди ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, рӯзи дуюми силсила чорабиниҳои “10-рӯзи ташаббус, таълим ва таҷриба” оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид.
Тибқи барномаҳои чорабинии мазкур, имруӯз аз ҷониби яке аз IT-мутахассисҳои пешқадам Баҳриев Некрӯз тренинг оид ба “Истифодаи интернет-бехатарӣ ва ҳифзи иттилоот” ҳамчунин “Ҳуқуқи истифода ва дастрасӣ ба интернет” гузаронида шуд. Дар рафти тренинг Баҳриев оид ба мавзӯҳои мазкур ба ҳозирин фаҳмонид ва иштирокчиён бо мутахассис саволу ҷавобҳо намуданд.
Пас аз тренинг бо иштирокчиён мониторинги истифодаи интернет гузаронида шуд, ки дар рузҳои наздик натиҷаҳои онро пешниҳод менамоем. Ҳамчунин дар саҳифаи расмии фейсбукии Ташкилот пурсишнома ҷойгир карда шудааст, ки Шумо метавонед ба саволҳои пурсишнома ҷавоб диҳед. Пурсишномаи мазкур бо мақсади муайян намудани вазъи истифодаи интернет байни чавонон омода карда шудааст.

https://forms.gle/opPqu5sHzrtnVjU76

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here