Тавре маълум аст чанде пеш бо воситаи Сомонаи расмии Ташкилот ва саҳифаҳои расмии Ташкилот дар Фейсбук оиди баргузории силсила чорабиниҳо хабар дода будем.
Имрӯз, 10-уми апрел аз ҷониби Директори Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд-Хуршеда Раҳимова чорабиниҳои “10-рӯзи ташаббус, таълим ва таҷриба” оид ба ҳуқуқи инсон оғоз гардид.
Сараввал Хуршеда Раҳимова ҳозиринро ба “Маркази рушди ҷавонон”-и назди ФТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” хайрамақдам гуфта, сипас мақсади баргузории чорабиниҳоро ба аҳли нишаст иброз намуд.
Сипас, дар асоси барномаи чорабиниҳо аз ҷониби корманди Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқшинос Собиров Сӯҳроб тренинг оид ба мавзӯи “Фаҳмиши ҳуқуқи инсон” гузаронида шуд. Дар вақти тренинг Собиров ба ҳозирин бо истифода аз усулҳои гуногун мавзӯро фаҳмонид ва ҳамзамон саволу ҷавобҳо доир гардид.
Баъд аз тренинг ҳамаи иштирокчиён оиди фаҳмиши ҳуқуқи инсон мақолаҳо навиштанд ва расмҳо тасвир намуданд, ки пас аз як чанд муддат ба воситаи Портали ҷавонон-и Сомонаи расмии Ташкилот: http://portal.freedom.tj/tj/asosy/ ва саҳифаҳои Фейсбукии Ташкилот пешниҳоди Шумо мегардонем.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here