Тавре пештар хабар дода будем, дар ноҳияи хушманзараи Варзоб “Мактаби зимистона оид ба ҳуқуқи инсон (Мурофиаҳои судии стратегӣ)” аз 19-уми январи соли равон шурӯъ гардида буд. Хотиррасон мешавем, ки Мактаби мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо дастгирии молиявии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад-Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Байналмилалӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Бо воситаи саҳифаи Фейсбук оид ба рафти Мактаби зимистона бо маълумоти кӯтоҳ хабар дода будем, ҳоло бошад маълумоти расмиро оиди ҷамбасти рӯзи якуми Мактаби зимистона ба Шумо пешниҳод менамоем.

Пас аз ҷойгир шудани иштирокчиён ба “Кохи Малика” рӯзи аввали Мактаби мазкур аз суханронии Самадова Дилафрӯз намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озоиҳои шаҳрвандӣ” оғоз гардид. Дар рафти суханронии худ Самадова сараввал ҳозиринро шодбош гуфта, оиди мақсади ташкили Мактаби зимистона қайд намуд. Пасон сухан ба намояндаи Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад-Тоҷикистон Диловар Мунавваров дода шуд. Номбурда, низ ҳозиринро хайрамақдам гуфта ба онҳо мувафаққиятҳо хост. Ҳамчунин намояндаи Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Байналмилалӣ Юрате Гузевичуте тариқи баромади видеои оиди Мактаби макур ибрози ақида намуда, ба ҳоизирин муваффақиятҳо таманно намуд.

Аз рӯи барномаи Мактаби мазкур машғулияти аввал дар мавзӯи “Ҳуқуқи инсон, стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ”  аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода оғоз гардид. Номбурда ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам аз ҷиати амалиявӣ оиди мавзӯи мазкур ақидаҳои худро  иброз намуд.

Машғулияти дигар дар мавзӯи  “Механизмҳои байналмилалӣ ва миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон” аз ҷониби Нигина Баҳриева ҳомии ҳуқуқ аз Фонди ҷамъиятии “НОТАБЕНЕ” доир гардид, ки Баҳриева аз рӯи қонунгузорӣ оиди мавзӯи мазкур ибрози ақида намуд ва дар рафти машғулият бо якчанд методҳои гуногун мавзӯро фаҳмонид.

Пас аз машғулиятҳои болозикр гашта, аз ҷониби ҳуқуқшинос, намояндаи Филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Собиров Суҳробҷон мафҳум, моҳият ва нафъи Бозии кории мурофиаи судӣ фаҳмонида шуд ва ҳамзамон бо мақсади бозҳам хубтар омӯхтани мавзӯъ ба иштирокчиён ҳолати кори муайяне пешниҳод карда шуд, ки онҳо мустақилона ҳал намуданд.

Маълумотҳои моро дар ин бора пайгирӣ намоед.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here