Дар ноҳияи хушманзараи Варзоб “Мактаби зимистона оид ба ҳуқуқи инсон (Мурофиаҳои судии стратегӣ)” оғоз гардид. Мактаби мазкур бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва бо дастгирии молиявии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад-Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Байналмилалӣ баргузор шуда истодааст.

Дар оғози чорабинӣ Самадова Дилафрӯз намояндаи ТҶ “ДОШ” оиди мақсади ташкили Мактаби зимистона баромад намуда иштирокчиёнро шодбош намуданд, инчунин намояндаи Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад-Тоҷикистон Диловар Мунавваров суханрони намуда ибрози сипос намуд ва намояндаи Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Байналмилалӣ Юрате Гузевичуте тариқи баромади видеои ба ҳамаи иштирокчиён дар кори дар пеш истода бурдбориҳо таманно намуд.

Дар рӯзи аввали тренинг мувофиқи барномаи чорабинӣ баромади Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода оиди “Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ”,  баромади Нигина Баҳриева ҳомии ҳуқуқ аз Фонди ҷамъиятии “НОТАБЕНЕ” дар мавзӯи “Механизмҳои байналмилалӣ ва миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон” ва инчунин кори амалӣ дар “Бозии кории мурофиаи судӣ” ба нақша гирифта шудааст.

Дар мактаби мазкур  ҳуқуқшиносони ҷавон, адвокат-коромӯз, адвокатҳои таҷрибадор ва инчунин ҳуқуқшиносон аз Ҷумҳурии Узбекистон ширкат варзида истодаанд. Мактаби мазкур аз 19-уми январи 2019 сол то 24-уми январи соли ҷорӣ идома меёбад.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here