Агар Шумо хоҳед, ки ҳуқуқи инсон, механизмҳои миллӣ ва байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи инсонро омӯзед, инчунин бо далеловарӣ мавқеи худро оид ба ҳуқуқи инсон бо истифода аз технологияҳои мубоҳиса, форматҳои он ва иштирок дар мусобиқаи калони мубоҳиса муайян кунед, Шумо имконияти васеъ доред барои иштирок дар Мактаби зимистона оид ба мубоҳиса ва ҳуқуқи инсон

Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо дастгирии молиявии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе байни донишҷӯени Мактабҳои олӣ ва миенаи махсуси муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Мактаби зимистона оид ба мубоҳиса ва ҳуқуқи инсон, ки аз санаи 27 то 31 январи 2019 баргузор мегардад эълон менамояд. Мақсади гузаронидани Мактаби зимистона ин омўзиши малакаи фикронии интиқодӣ, далеловарии самаранок, суханронӣ, инчунин омӯзиши ҳуқуқи инсон мебошад.                                                                                                            Забони кории Мактаби зимистона тоҷикӣ ва русӣ мебошад.

Иштирокчиён дар вақти мактаби зимистона бо ҷои ист ва хӯрок таъмин карда мешаванд. Ба иштирокчиене, ки  аз минтақаҳои дур меоянд хароҷоти роҳ  дода мешавад.

Барои иштирок зарур аст, то санаи 14-уми январи соли 2019 ба почтаи электронии зерин ozmun.dosh@gmail.com бо навиштаҷоти “Мактаби зимистона оид ба мубоҳиса” чунин ҳуҷҷатҳоро фиристед:

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба рақамҳои зерин тамос гиред:                            +992933331703                                                                                                +992501103570

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here