Дӯстон, мо мехоҳем, ки ҳисобот диҳем

Дар намоиши расм ва эссеҳо, ки дар шаҳри Душанбе, санаи 9-уми декабри 2018, баргузор гардид бо ёрӣ ва иштироки Шумо, мо 1639 сомонӣ ҷамъ намудем.

Маблағҳо чӣ тавр ҷамъ карда шуданд?

– Волонтёрони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ бо фурӯхтани бозиҳои ҷашнӣ ва брелокҳои сарпушмонанд, ки худи онҳо омода намуда буданд, дар умум 821 сомонӣ ба даст оварда шуд.

“Волонтёрони рассоми мо – тасвирҳои хандаоварро дар рӯи кӯдакон кашиданд ва ҳар касе метавонист барои хайр намудан ба қуттии хайриявӣ маблағ партояд ва мо аз ин иқдом 362 сомонӣ ҷамъ овардем.

– Куттии ҷамъоварии хайрия, ки дар маркази толори намоишгоҳ гузошта шуда буд, 356 сомониро ташкил дод ва яке аз шахсони хайрхоҳ аз ин иқдоми неки мо бохабар шуда дертар 100 сомонӣ ба мо дастрас монданд.

Ташаккури зиёд барои кумакатон! Ҳамаи маблағҳоро мо то 26 декабри соли ҷорӣ ҷамъоварӣ хоҳем кард, ки он барои ташкили чорабинӣ ва тӯҳфаҳо барои 200 хонандагони Мактаб-интернатхои ноҳияи Восеъ, вилояти Хатлон истифода мешавад. Мо ба Шумо хотиррасон менамоем, ки намоиш бо дастгирии Дафтари барномаи  Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе, маркази дилхушии кӯдакон «Аладдин» ва Маркази тиҷоратии «Душанбе Мол» бахшида ба  “Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон” ва “Рӯзи ҳомиёни ҳуқуқ” баргузор гардид.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here