Донишҷуёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон ва коромӯзони адвокатураҳо!

Агар Шумо хоҳиши омӯхтани ҳуқуқи инсон, механизмҳои байналмилалӣ ва миллии ҳимояи ҳуқуқи инсон, қонунгузорӣ оид ба адвокатура ва фаъолияти адвокатиро доред, мехоҳед дониши худро дар таҷриба ба воситаи бозии кории мурофиаи судӣ санҷед, пас Шумо имконияти хуб доред, ки дар Мактаби Зимистона оид ба ҳуқуқи инсон (мурофиаи судии стратегӣ) иштирок намоед.

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ бо дастгирии молиявии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Ҳуқуқшиносони Байналмилалӣ Мактаби Зимистона оид ба ҳуқуқи инсон аз санаи 18 то 23 январи соли 2019 ташкил менамояд.  Мақсад аз ташкили мактаби мазкур, ин баланд бардоштани сатҳи донишу маҳорати ҳуқуқӣ, далеловарӣ ва исботкунӣ дар ҳамаи марҳилаҳои мурофиа, бозомӯзӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад.

Забонҳои кории Мактаби Зимистона: Забони тоҷикӣ ва русӣ. Иштирокчиён бо ҷои зист ва хӯрок, ва  хароҷотҳои сафар (роҳкиро) аз минтақаҳои Тоҷикистон ва Узбекистон таъмин карда мешаванд. Макони гузаронидани мактаби Зимистона дараи Варзоб, Тоҷикистон.

Довталаб бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад:

– Донишҷӯён магистрантҳо аз факултаҳои ҳуқуқшиносӣ (бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои муайянкунанда, яъне шаҳодатномаи донишҷӯӣ ва ё дафтарчаи имтиҳонот);

– Ҳуқуқшиносони ҷавон (то 30-сола);

– Коромӯз ва ё ёрдамчии адвокатҳо (бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои муайянкунанда);

– Адвокатҳои ҷавон (то 30-сола) ва ё адвокатҳое, ки мақоми адвокатиро на бештар аз 3-сол қабл соҳиб шудаанд.

Барои иштирок ҳуҷҷатҳои зеринро то санаи 05 январи соли 2019 ба почтаи электорнии ozmun.dosh@gmail.com бо навиштаҷоти «Мактаби Зимистона»  равон кунед:

Барои тамос ба ракамҳои телефони +992933331703   +992933331803 занг занед.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here