Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” кӯдаки ятим – шахси ноболиғи то 18 солае мебошад, ки падару модараш, падар ё модари танҳояш вафот кардаанд. Кӯдаки бепарастор бошад- шахси ноболиғи то 18 солае мебошад, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояш аз ҳуқуқи падару модарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал (дорои қобилияти маҳдуди амал) дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ – тарбиявӣ ва ё табобатӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳо бе парастории падару модар мондааст.

Ҳам кӯдакони ятим ва ҳам кӯдакони бепарастор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кӯмак ва кафолати давлат дар соҳаи таҳсил ва омӯзиш ҳуқуқ доранд. Имрӯзҳо дар Тоҷикистон имтиёзу кӯмакҳои давлатӣ ва риояи ҳуқуқҳо нисбат ба ятимону бепарасторон заминаҳои ҳуқуқӣ дошта, мувофиқи қонун давлат амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарасторро ба таҳсил кафолат медиҳад.

Таҳсилоти ибтидоӣ ба кӯдакони ятим кафолат дода шудааст, онҳо онро дар муассисаҳои умумии таълимӣ, дар хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо мегиранд. Кӯдакони ятим ва бепарастор ба интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд. Яъне онҳо дар интихоби шакли муассисаи таълимӣ озод мебошанд, аммо то ҳадде ки онро қонун ва давлат таъмин карда тавонанд. Таҳсилоти умумии кӯдакони ятим ва бепарастор ба таври ройгон тавассути муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ мегардад. Рад намудани қабули кӯдакони ятим ва бепарастор ба муассисаҳои таълимии мазкур манъ аст. Таҳсили иловагии кӯдакони ятим ва  бепарастор низ дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ройгон аст.

Кӯдакони ятим ва бепарастор, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, дар муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ  ва миёнаи умумӣ таҳсил менамоянд, аз ҳисоби давлат бо либос, пойафзол, адабиёт ва асбобу таҷҳизоти таълимӣ, ҷойи хоб, инчунин бо кумакпулии яквақта мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуда, истироҳати онҳо дар лагерҳои мактабии тобистона ба таври ройгон ба роҳ монда мешавад.

Давлат ба кӯдакони ятим ва  бепарастор, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимии давлатӣ як маротиба гирифтани таълими ройгонро кафолат медиҳад. Қабули кӯдакони ятим ва  бепарастор  ба муассисаҳои таълимии мазкур дар асоси квотаҳои муқарраргардида бо тартиби тасдиқнамудаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Қабул ва таҳсили кӯдакони ятим ва  бепарастор дар муассисаҳои таълимии ғайридавлатии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ метавонад ба таври ройгон тибқи фармоиши давлатӣ сурат гирад. Яъне давлат метавонад ба муассисаҳои таълимии хусусӣ барои фаро гирифтани кӯдакони ятим ва бепарастор ба таълим ба онҳо супориш диҳад ва аз ҳисоби давлат бо онҳо ҳаққи хизматрасониро пардохт намояд.

Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 1773 ятими кул ва дар муассисаҳои олии касбӣ 8775 нафар донишҷӯи ятим таҳсил намуда истодаанд[1].

Муассисаҳои таълимии давлатие, ки дар онҳо кӯдакони ятим ва бепарстории падару модар монда таҳсил мекунанду, ин кӯдакон таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, уҳдадоранд кӯдакони ятим ва бепарасторро бо хобгоҳ, либос, пойафзол, хӯрокворӣ ва стипендия таъмин намоянд.

Донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷумлаи кӯдакони ятим ва бепарастор мебошанд ва дар хобгоҳҳои муассисаҳои мазкур истиқомат доранд, аз пардохти хизматрасонии коммуналӣ ва  ҳаққи манзили ишғолнамудаашон озод мебошанд.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” кӯдакони ятим ва  бепарастор, ки дар муассисаҳои таълимии вазоратҳои мудофиа ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар вазорату идораҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, таълим мегиранд, дар таъминоти пурраи давлатӣ қарор доранд. Бинобар хабари дар сомонаи расмии Вазорати мудофиаии Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор шуда дар соли 2017, “дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа 113 нафар ва дар Литсейи ҳарбӣ бошад 50 нафар ятиму бепарастор таҳсили илм доранд, ки аз инҳо 11 нафарашон ятими кул мебошанд”[2].

Кӯдакони ятим ва бепарастор бояд дар баробари ҳамаи кӯдакони дигар ба таълими босифат ва замонавӣ фаро гирифта шаванд. Айни ҳол, давлат дар сатҳи қонунгузорӣ тамоми кафолатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро дар соҳаи дастрасӣ ба таълими кӯдакони ятим ва бепарастор ба таҳсил дар қонунгузории худ пешбинӣ кардааст, аммо то кадом дараҷа он дар сатҳи амалия иҷро мешавад, масъала ва ё саволи дигаре мебошад.

 

[1] http://www.maorif.tj/ahborot/ifzu-uuoi-kdakon

[2] http://mort.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=398%3A2017-09-27-04-51-57&catid=65%3A2012-11-02-06-45-48&Itemid=32&lang=tj

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here