Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар ҳамкорӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди пешбурди лоиҳаи “Мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасмим гирифтааст, ки дар 5 (панҷ) қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мониторинг гузаронад.

Гурӯҳи мониторингӣ иборат аз намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар рафти гузаронидани мониторинг гурӯҳи корӣ аз шароити адои хизмат ва буду боши сарбозон дидан менамояд. Ҳамзамон гурӯҳи мониторинг бо сарбозон сӯҳбатҳо гузаронида аз наздик бо шароити хизмат шинос мешавад.

Аввалин мониторинг санаи 02-03 октябри соли ҷорӣ дар яке аз қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт гузаронида шуд.

Иловатан санаи 04-уми октябри соли 2018 бо сарбозон ва афсарони бахшҳои низомии қисми ҳарбии мазкур вохӯриҳо дар мавзӯи ” Ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ.” , “Пешгирии муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ”, “Пешгирии терроризм ва экстремизм дар байни ҷавонон” баргузор гардиданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here