Оилаи фостерӣ – ҳамчун шакли ба тарбия фаро гирифтани кӯдакони ятим ва бепарастор

0
723

Оилаи фостерӣ  ё худ оилаи ивазкунанда чист?

Оилаи фостерӣ ё оилаи ивазкунанда – ин оилаи касбие мебошад, ки фаъолияти он ба тарбияи кӯдакони ятиму бепарастор ба муҳлати муайян дар асоси шартнома равона карда шудааст.

Оилаи фостерӣ ба мафҳуми фарзандхондӣ, васоят ва парасторӣ дохил намешавад. Яъне ин шаклҳои ҷойгиркунӣ ва ё ба тарбият фаро гирифтани кӯдакон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ба мафҳуми оилаи фостерӣ тарбияи кӯдак дар шароити оила дар асоси шартномаи махсус, ғамхори нисбати кӯдакон, ки бо муносибатҳои хешовандӣ бо волидайни фостерӣ  алоқаманд намебошанд, дохил мешавад.

Дар бештари ҳолатҳо кӯдакони зерин ба оилаҳои фостерӣ барои тарбия ва нигоҳубин дода мешаванд: кӯдакони ятим, кӯдакони бепарастории падару модар монда, кӯдаконе, ки волидайнашон ғоибшуда эътироф гардидаанд, кӯдаконе, ки дар оилаи аслиашон ба ҳаёт, саломатии ҷисмонӣ ва руҳиашон хатар мавҷуд аст, кӯдаконе, ки волидайнашон бинобар вазъи саломатӣ наметавонанд, кӯдакони худро шахсан тарбия намоянд, инчунин кӯдаконе, ки дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, муассисаҳои табобатӣ – профлактикӣ қарор доранд, кӯдакони то 3 сола ҳамроҳ бо модари ҷавонашон, ки ҳоло ӯ ба синни 18 солагӣ нарасидааст, кӯдакони дорои маъюбият ва ғайраҳо.

Барои ба мақоми оилаҳои фостерӣ ё қабулкунанда сазовор гардидан, ба волидайни фостерӣ зарур аст, ки ба талаботҳои мушаххас ҷавобгӯ бошанд ва аз омӯзиш гузаранду пасон кӯдакро ба тарбияи оилаи фостерӣ гиранд.

Модели универсалии оилаи фостерӣ вуҷуд надорад ва дар ҳар давлат он ба тартиб ва шартҳои гуногун арзи вуҷуд мекунад. Дар давлатҳои хориҷа оилаи фостерӣ ва кӯмаки он на танҳо барои кӯдакони ятиму бепарастор, балки он ба шахсони калонсоле, ки гирифтори нуқсони равонӣ ё маъюбияти ҷисмонӣ мебошанд, ҳамчунин ба пиронсолон пешниҳод карда мешаванд.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тарбияи оилаҳои фостерӣ зиёда аз 500 ҳазор кӯдакон қарор доранд. Соли 1853 Чарлз Лоринг Брейс дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Ҷамъияти кӯмак барои кӯдаконро таъсис дод, ки ғоя ва ё мақсади асосии он ройгон ҷойгиркардани кӯдакони оворагард ва бепарастори шаҳрҳо ба оилаҳои фермерҳо, ки дар минтақаҳои деҳқонии кишвар зиндагонӣ мекарданд, иборат буд. Аммо дар аввал байни Ҷамъияти кӯмак барои кӯдакон ва оилаҳои фермерони кӯдаконро ба тарбия фарогирифта ягон хел шартнома мавҷуд набуд. Дар аввал дар ИМА ин ғояро танқид мекарданд, аммо новобаста аз чунин танқидҳо дар охири асри 19 ҷойгиркунии ятимон дар оилаҳои фостерӣ хело инкишоф ёфта, як воқеаи умумиэътирофгардида гардид.

Оилаи фостерӣ дар ИМА ҳамчун шакли ҷойгиркунии муваққатии кӯдакони ятим ва бепарастор баррасӣ мегардад. Дар баробари ин бояд дар хотир дошт, ки дар ин муҳлат ба таври максималӣ муносибати кӯдак бо волидайни аслӣ, бародарон ё хоҳарон нигоҳ дошта мешавад. Масалан, дар Британияи Кабир тақрибан 85%-и кӯдакон баъди будубош дар оилаҳои фостерӣ ба оилаҳои аслии худ бармегарданд. Ин натиҷаи кори хуб ва самарабахши оилаҳои фостерӣ ва пеш аз ҳама кормандони иҷтимоӣ мебошад. Боз яке аз сабабҳои хело таъсирбахш барои расидан ба чунин ҳадафҳои баланд ин мавҷудияти қонунгузории хуб дар соҳаи фаъолияти кормандони иҷтимоӣ ва робитаи онҳо бо оилаҳо мебошад.

Дар айни замон оилаи фостерӣ дар ИМА яке аз шаклҳои афзалиятноки ҷойгиркунии кӯдакони ятим ва бепарастор ба ҳисоб меравад. Таъмини бехатарии кӯдак, мавҷудияти хатар дар натиҷаи ҳолатҳои ногувор ба ҳаёт ва саломатии кӯдак, ҳолатҳои вазнини ҳаётии волидайн ва ғайраҳо сабабҳои асосии ҷойгиркунии кӯдакон дар оилаҳои фостерӣ мебошад.

Дар ИМА ва давлатҳои Аврупо мутобиқи қонунгузорӣ агар кӯдак аз падару модари худ маҳрум карда шавад ва ё будубоши ӯ бо падару модар ғайриимкон гардад, бояд тарбияи ӯ ба таври максималӣ ба муҳити оилавӣ монанд бошад.

Бинобар ин, дар давлатҳои Аврупо ва Амрикои Шимолӣ (ИМА ва Канада) самти асосии фаъолияти хадамотҳои иҷтимоӣ ба пешгирии ятимии иҷтимоӣ равона карда шудааст, ки он аз дастгирии иҷтимоии оилаҳои осебпазир ва расонидани ёрии психологӣ-педагогӣ ба чунин оилаҳо иборат мебошад.

Ҷойгиркунии кӯдак ба оилаи фостерӣ ҳамчун чораи муваққатӣ дониста шуда, он то лаҳзае, ки дар оилаи аслии кӯдак бо кӯмаки хадамотҳои иҷтимоӣ оромиву осоиштагӣ ба миён меояд, давом мекунад.

Бештари давлатҳои ҷаҳони имрӯза аз таҷрибаи ҷойгиркунии кӯдакони ятим ва бепарастор ба хонаи кӯдакон ва хона-интернатҳо даст кашидаанд ва ё дар раванди дасткашӣ қарор доранд. Таҷрибаи тарбияи кӯдакони бепарастор дар оилаҳои фостерӣ ва ивазкунанда хело васеъ истифода бурда мешавад. Дар айни замон оилаҳои фостерӣ ва ё ивазкунанда дар Аврупо, Амрико, Россия, Украина, Молдавия, Гурҷистон, Лаҳистон, Арманистон, Хитой ва баъзе давлатҳои Африқо ба таври васеъ доман паҳн кардаанд ва ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Дар давлатҳои Осиёи Марказӣ институти оилаи фостерӣ ба таври зарурӣ инкишоф наёфтааст.

Ҳоло дар Тоҷикистон базаи комили ҳуқуқӣ барои оилаҳои фостерӣ вуҷуд надорад. Шумо чи фикр доред оё дар Тоҷикистон оилаи фостерӣ арзи вуҷуд карда метавонад? Оё он шароити кӯдакони ятим ва бепарасторро сабӯк мегардонад?

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here