Ба диққати даъватшавандагон, хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзоёни оилаи онҳо расонида мешавад, ки Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” машваратҳои ҳуқуқии ройгонро барои даъватшавандагон ва хизматиёни ҳарбӣ пешкаш менамояд.

Ҳамчунин дар ташкилот коршиноси тиббӣ фаъолият мебарад, ки доир ба қобили хизмат будан ё набудани даъватшаванда ба хизмат маслиҳат медиҳад.

Телефонҳо:

+992 93 333 18 03

+992 93 333 17 03

Ҳамзамон “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” хотиррасон менамояд, ки барои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ андроид – барнома (афзорак) барои телефонҳои мобилӣ таҳия шудааст.

Барномаи “Даъватшаванда / Призывник” маҷмӯаи китобҳо мебошад, ки аз 18 китоби алоҳида ва 24 санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ иборат аст, ки ба ҳуқуқҳои даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ бахшида шудааст. Барнома дар шакли барномаи таълимии универсалӣ коркард карда шудааст, ки метавонанд шахсони синну соли даъватӣ ва волидайни онҳо, шахсоне, ки қайди ибтидоии ҳарбиро гузашта истодаанд, хизматчиени ҳарбӣ ва адвокатҳо, муаллимони фанни “Омодагии дифои ҳарбӣ”, духтурони комиссияи даъватӣ ва дилхоҳ шахсон ки мехоҳанд дониши худро дар ин соҳа баланд бардоранд, истифода баранд.

Барномаро тариқи суроғаи зерин метавон пайваст кард:

https://play.google.com/store/apps/details?id=com.dosh.books

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here