Рӯзи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Ҳамватанони азиз ва коркунони сохторҳои Гвардияи миллӣ Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”  Шуморо бо рӯзи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод мегӯям. Ба кормандони Гвардияи миллӣ ҷасорат, шуҷоат ба Ватан, хидмати сарбаландона, софдилӣ ва муваффақиятҳо орзу мекунад.

Аз таърихи таъсис ва рушди Гвардияи миллии Тоҷикистон

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳими Артиши миллӣ ба ҳисоб рафта, ин сохтори бонуфуз зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ мебошад. Ташкил ва такмилёбии Гвардияи миллӣ бевосита бо дастгирии Президенти кишвар – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст.
Мувофиқи мазмуни моддаи 1-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 15 июли соли 2004, №50 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ин воҳиди мустақили ҳарбии таъиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои хизматӣ ва ҳарбиеро иҷро менамояд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар намудааст.

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҷанг захираи ҳарбии зудамали Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зимни иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда дар муҳофизати истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовуз дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Баъди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4-уми декабри соли 1992 Сарвари давлат Фармон дар бораи таъсиси қисми ҳарбии 3571-и назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро ба имзо расонид.
Паз аз он тибқи Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми апрели соли 1993 Баталёни таъиноти махсус (қисми ҳарбии 3571)-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Бригадаи таъиноти махсус табдил дода шуд.

Бо Фармони Президенти мамлакат аз 17-уми январи соли 1995 Бригади таъиноти махсусро ба Гвардияи Президентӣ табдил дод. Сипас, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2004 ва Низомномаи Гвардияи миллӣ қабул карда шуд, ки мутобиқи он Гвардияи Президентӣ ба Гвардияи миллӣ табдил дода шуда мақоми давлатии Гвардияро ҳамчун сохтори мустақил ва бевосита тобеи Президент, рамзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки Гвардияи миллӣ воҳиди мустақили ҳарбии таъиноти махсус ва бевосита тобеи Президент-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои махсусан муҳими давлатиро ба зимма дорад.

Сарчашмаҳои истифодашуда:

Сомонаи Расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- http://www.prezident.tj/taxonomy/term/5/153

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 15 июли соли 2004, №50

МУАЛЛИФ: Фахриддин Фузайлов

 

 

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here