Дар маркази истироҳатии “Гулобод”, ки макони ҷойгиршавиаш ноҳияи Варзоб аст, аз санаи 18-ум то 24-уми августи соли 2018 ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Мактаби тобистона оид ба ҳуқуқи инсонро барои донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, ҳуқуқшиносон, коромӯз-адвокатҳо ва адвокатҳо ташкил карда гузаронид.

Ба Мактаби мазкур барои бозҳам хубтар омӯзонидани ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани малака ва таҷрибаи кории ҳуқуқшиносони оянда (донишҷӯён), ҳуқуқшиносон ва адвокатҳои ҷавон тренерон ва кормандони таҷрибадори соҳаҳои муайян ҷалб карда шуда буданд.

Дар тӯли он рӯзҳои Мактаби тобистона намояндагони зерин аз сохторҳои ҷамъиятиву давлатӣ ва байналмиллалӣ бо иштирокчиён машғулиятҳои таълимӣ ва амалӣ гузарониданд.

Мактаби тобистонаро Сарвари иҷроияи Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”- Дилрабо Самадова оғоз бахшида сипас, адвокати пуртаҷриба, муовини Раиси Иттифоқи адвокатҳои вилояти Суғд-Дилафрӯз Самадова доир ба мавзӯҳои “Ҳуқуқи инсон ва таснифи он, шаъну эътибори инсон ва маҳдудкунии ҳуқуқи инсон” маърӯза намуд, ки донистани ин мавзӯҳо ба ҳар як ҳифзкунандаи ҳуқуқ зарур мебошад.

Рӯзи дигар намоянда аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Сардори шӯъбаи ҳуқуқҳои шаҳрвандию сиёсӣ-Нидоев Ҳусниддин доир ба мавзӯҳои механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Прокуратура, Вазорати корҳои дохилӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) баромад карда ба саволҳои иштирокчиён посухҳо дод. Қайд кардан ҷоиз аст, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон яке аз мақомотҳое мебошад, ки он дар ҳифзи ҳуқуқи инсон мавқеи хосаеро ишғол мекунад.

Баъди баромади Нидоев Ҳусниддин намоянда аз Раёсати Комиссариати Олии Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) оид ба ҳуқуқи инсон-Сӯҳроб Шоев дар доираи мавзӯи “Тоҷикистон дар низоми СММ” суханронӣ намуд, дар рафти баромад бо аҳли ҳозирин вобаста ба мавзӯи зикршуда саволу ҷавобҳо доир гардид.

Тавре маълум аст Васояти ахбори омма (ВАО) дар бобати ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ саҳми назаррас дорад. Бо мақсади мусоидат ба ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва пурзӯр намудани он дар байни ҳуқуқшиносон ва адвокатҳо маҳз вохӯрӣ бо Шаҳло Акобирова-Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳамзамон Директори Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” гузаронида шуда. Дар рафти он Шаҳло Акобирова дар робита бо мавзӯи “Амалҳо барои ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ-ВАО” ибрози ақида намуд ва сипас дар атрофи мавзӯи номбурда саволу ҷавоб ва пешниҳодҳо шунида шуданд.

Ҳамчунин бо мақсади иваз кардани малака ва маҳорати ҳимояи ҳуқуқ байни иштирокчиён “Бозии мурофиаи судӣ” гузаронида шуд, ки барои гузаронидани он адвокати пуртаҷриба Шарифов Абдураҳмон, Собиров Сӯҳроб корманди филиали ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ва ҳуқуқшинос Некбахти Орзу саҳми хешро гузоштанд.

Рӯзи дигар Шоира Давлатова роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон” доир ба мавзӯи “Механизмҳои байналмиллалӣ ҳифзи ҳуқуқи инсон” баромад намуда бо иштирокчиён дар атрофи ин мавзӯъ сӯҳбатҳо орост. Бад аз он Раиси Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон-Нуритдинов Саидбек ва Роҳбари Маркази такмили ихтисоси адвокатҳо дар назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавзӯи “Нақши адвокат дар ҳифзи ҳуқуқи инсон” баромадҳо намуда дар ин бора аз таҷрибаҳои бисёрсолаашон мисолҳо оварданд ва дар охири баромад аз ҷониби иштирокчиён саволҳо пешниҳод карда шуд, ба саволҳои додашуда ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалия посухҳо гуфтанд.

Ҳамчунин аз ҷониби медиа-тренер ва блогери варзида Рустам Гулов кори амалӣ дар мавзӯи “Санҷиши далелҳо (Фактчекинг)” гузаронида шуд. Ҷаноби Гулов оиди чи тавр санҷидани далелҳо ва маводҳои дар сомонаҳои интернетӣ паҳншуда диққати ҳозиринро ҷалб намуд.

Мониторинг яке аз усулҳои маъмул барои ҳифзи ҳуқуқи инсон ба ҳисоб меравад, бо он сабаб, ки иштирокчиён бевосита ба ҳифзи ҳуқуқи инсон робитаи зич доранд, маҳз ба ин хотир директори филиали ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд, Хуршеда Раҳимова оид ба мавзӯи “Амалҳо барои ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ-Мониториг оид ба ҳуқуқи инсон” суханронӣ намуда дар ин бора маълумотҳои муҳим, аз ҷумлаи давраҳои мониторинг, тарз ва усули гузаронидани мониторинг ва ғайраро пешкаши ҳозирин намуд.

Тавре, ки мегӯянд варзиш  гарави саломатист, дар Мактаби тобистона нисбати ин гуфтаҳо бетараф набуда ба ғайр аз машғулиятҳои таълимиву амалӣ инчунин ҳар шом бо ҷалби иштирокчиён бозиҳои гуногуни варзишӣ (футбол, волейбол ва.ғ) гузаронида мешуданд.

Бо мақсади таҳким бахшидани дӯстиву муттаҳидӣ дар байни иштирокчиён ва шиносои бо табиати зебову хушманзараи ноҳияи Варзоб, иштирокчиён ба    сайру гашти кӯҳ баромада дар он ҷо аксҳои хотиравӣ гирифтанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here