Лоиҳаи “Дастрасӣ ба оғози баробар ва дастгирии иҷтимоии ятимон”

0
468

Кӯдакони ятим ва бепарастор, ки дар муассисаҳои давлатӣ парвариш мегиранду ба воя мерасанд, яке аз гурӯҳҳои осебпазирӣ ҷомеа мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин кӯдакон ғамхори зоҳир намуда, барои тарбия, таълим ва дастгирии хонандагони мактаб-интернатҳо тамоми шароитҳои лозимаро муҳайё намуда истодааст. Пас аз хатми мактаб-интернатҳо кӯдакон ба донишгоҳҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии махсуси касбӣ дохил шуда, таҳсили худро давом медиҳанд. Аммо, боиси афсус аст, ки на ҳамаи онҳо аз уҳдаи таҳсил дар чунин муассисаҳо ва мустақилона соҳиби касб шудан баромада метавонанд. Дар бештари ҳолатҳо онҳо барои қадам гузоштан ба ҳаёти мустақил ба мушкилотҳои гуногун, ҳам аз ҷиҳатӣ молиявӣ-моддӣ ва ҳам психологӣ дучор мешаванд. Аввалин муаммои онҳо, пас аз даргоҳи мактаб-интернатро тарк кардан, ин худро нороҳат ҳис кардани онҳо мебошад, зеро охир онҳо ба муҳити мактаб-интернат одат кардаанд, дар он муҳит барои онҳо аллакай ҳама чиз фаҳмо, дастрас ва омода буд. Аммо дар ҳаёти берун аз девори мактаб-интернатҳо аллакай ҳаёт ба мисли пештара не ва он дорои пасту баландиҳои худ мебошад. Дар онҷо устодону омӯзгорон ҳамеша омодаи расонидани кӯмаки худ ба тарбиятгирандагон буданд. Аммо дар ҳаёти мустақилона на ҳамешаву на ҳама хатмкардагону хатмкунандагои мактаб-интернатҳо чунин шахсонро доро мебошанд. Дуввуман онҳо аз ҷиҳати молиявӣ-моддӣ низ азият мекашанд, зеро баъди хатми мактаб интернатҳо, ҳарчанд онҳо ба донишгоҳҳо дохил шаванд ҳам идрорпулиҳое, ки онҳо мегиранд барои харидани лавозимотҳои лозимаи таҳсил намерасад ва ҳамчунин онҳо бояд аз он барои зиндагии худро пеш бурдан озуқаворӣ ва либосворӣ хариданашон лозим аст. Ҳамчунин дар байни хатмкардагони мактаб-интернатҳо муаммои бо ҷои зист хоҳ доимӣ ва хоҳ муваққатӣ таъмин шудан, ба миён меояд, ки мутаассифона на ҳамаи онҳо аз уҳдаи ҳалли ин муаммо мебароянд. Бинобар ин Филиали “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд аз моҳи июни соли 2018 оғоз намуда ба амалигардонии лоиҳаи “Дастрасӣ ба оғози баробар ва дастгирии иҷтимоии ятимон” оғоз намудааст. Мақсад аз амалигардонии лоиҳаи мазкур ин мусоидат намудан ба камшавии ятимони иҷтимоӣ ва дастгирии онҳо барои роҳ ёфтан ба ҳаёти мустақил иборат мебошад. Лоиҳа гузаронидани мониторингро пешбинӣ менамояд, ки он ба омӯхтани вазъи риояи ҳуқуқи тарбиятгирандагони (хатмкунандагон ва хатмкардагон) мактаб-интернат равона карда шудааст.

Филиали “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд дар амалигардонии лоиҳаи мазкур метавонад бо он ташкилотҳое, ки дар ин самт фаъолият мебаранд, ҳамкорӣ намояд. Ҳамкории мо метавонад, дар дастгирии психологӣ ва ҳуқуқии чунин ашхос, яъне хатмкардагони мактаб-интернатҳо зоҳир ёбад. Ҳамчунин дар ин самт мо метавонем барои риоя гардидани ҳуқуқи хатмкардагони мактаб-интернатҳо бо ҳам ҳамкорӣ намоем ва ба онҳо мусоидати худро расонем.

Оиди ин масъала дар ҳолатҳои зарурӣ Шумо метавонед ба Самадова Дилрабо бо телефони +992 92 720 80 83 ва ё ба воситаи почтаи электронии  dsamadova@gmail.com муроҷиат намоед.

Бо эҳтиром Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here