Ташкил ва гузаронидани “Лагери таълимии тобистона-2018” дар Варзоб.

0
691

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ва филиали он дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд волонтёрон ва иштирокчиёни фаъоли лоиҳаи “Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон”-ро баҳри истироҳат, муттаҳидгардонӣ ва такмили донишҳои ҳуқуқӣ ба “Лагери таълимии тобистона” сафарбар намуд,  ки он аз санаи 13 август то 17 августи соли 2018 дар ноҳияи хушманзараи Варзоб дар Маркази истироҳатии “Гулобод” ташкил ва гузаронида шуд. Дар лагери мазкур аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон иштирокчиён ҳузур доштанд, ки яке аз мақсадҳои асосии ин лагер муттаҳидгардонӣ ва дӯстии ҷавонони Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар лагер ҳамарӯза бо ташаббуси худи иштирокчиён варзиши пагоҳирӯзӣ гузаронида шуда сипас дигар машғулиятҳо оғоз мешуданд.

Мувофиқи барнома аз ҷониби тренерони соҳибтаҷриба дар мавзӯҳои мухталифи ҳуқуқ барои баланд бардоштани сатҳи шуурнокии ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон машғулиятҳо гузаронида шуданд.

Ҳамаи иштирокчиён ба гурӯҳҳо муттаҳид шуда ҳар шом гурӯҳҳои алоҳида барои хубу хотирмон гузаштани лагери мазкур ва болидарӯҳии дигар иштирокчиён чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, аз ҷумла шеър дар васфи Ватан, модар, саҳначаҳои тарбиявӣ ва ҳаҷвӣ, замзамаи суруд, рақсу бозӣ ва ғайра гузаронида мешуд.

Пас аз ба итмом расидани лагер ҳамаи иштирокчиёни фаъол аз ҷониби роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.

Субҳи 18-уми августи соли ҷорӣ иштирокчиён ба хонаҳояшон сафарбар карда шуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here