Дар асоси талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдак шахсе эътироф карда мешавад, ки ба синни ҳаждаҳсолагӣ  нарасидааст. Талаботи мазкурро санадҳои байналхалқӣ, аз ҷумла Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак низ мустаҳкам мекунанд.

Яке аз ҳуқуқҳои муҳиму аввалиндараҷаи кӯдак ҳуқуқи ӯ оид ба зиндагӣ ва тарбия гирифтан дар оила мебошад, ки бо моддаи 55-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мустаҳкам карда шудааст. Дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” кӯдак ҳуқуқ дорад дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад, падару модарашро шиносад, аз ғамхорӣ ва тарбияи онҳо, агар бар хилофи манфиатҳои ӯ набошад, баҳраманд шавад. Ҳуқуқи кӯдак оиди ҳамроҳ зиндагонӣ кардан бо падару модар ё намояндаи қонунияш, хело муҳим мебошад. Кӯдакро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз падару модар ё дигар намояндаи қонунияш ҷудо кардан манъ аст. Тарбия дар муҳити оила ба кӯдак барои инкишофи шахсияти кӯдак мусоидат менамояд. Танҳо тарбия дар оила ба кӯдак барои инкишофи дурусти ҷисмонӣ, маънавӣ, зеҳнӣ ва иҷтимоӣ мусоидат менамод. Чи тавре, ки аз таҷриба маълум аст, шакли ҷамъиятии тарбияи кӯдак ҳеҷ вақт барои кӯдак тарбияи дар оила мегирифтаашро иваз намекунад.

Қисми 2 моддаи 20-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин пешбинӣ менамояд, ки мутобиқи он ҷои истиқомати ноболиғи то чордаҳсола ё шаҳрванде, ки таҳти васоят қарор доранд, истиқоматгоҳи намояндагони қонунӣ ё васиёни онҳо эътироф мегардад. Ноболиғони аз чордаҳсола боло ҳуқуқ доранд, ки бо розигии намояндагони қонунии худ, васиён ё фарзандхондагон маҳалли истиқомати худро интихоб намоянд. Ҳангоми дар алоҳидагӣ ҷудо зиндагӣ намудани падару модар маҳалли истиқомати кӯдак бо созишномаи байни онҳо муайян карда мешавад. Ҳеҷ кас наметавонад, ки ҳуқуқи кӯдак оид ба зиндагонӣ намудан бо падару модарро маҳдуд кунад ва ё манъ кунад. Мутобиқи санадҳои миллӣ ва байналмилалии эътироф намудаи Тоҷикистон танҳо ба тариқи судӣ кӯдакро аз падару модар ҷудо намудан мумкин аст.

Ҳуқуқи кӯдак оид ба зиндагонӣ ва тарбия гирифтан ба ғайр аз ҳуқуқ ба тарбия дар оила ва истиқомати якҷоя бо волидайн боз чунин ҳуқуқҳои кӯдак ба монанди, ҳуқуқи донистани волидайни худ, ҳуқуқ ба ғамхорӣ аз ҷониби волидайн, ҳуқуқ ба инкишоф, ҳуқуқ ба эҳтироми шаъну шарафи инсонии кӯдак аз ҷониби падару модарро дарбар мегирад.

Тарбия дар оила асоси инкишофи шахсияти кӯдак ба ҳисоб рафта, ҳар як падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак барои тарбия, таълим ва инкишофи ӯ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти баробар доранд.

Дар сурати мавҷуд набудани имконияти дар оилаи худ тарбия гирифтан ва зиндагонӣ кардан, тибқи талаботи моддаи 124-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шаклҳои ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, пешбинӣ гардидааст:

А) Фарзандхондӣ – Фарзандхондӣ шакли афзалиятноки ҷобаҷокунии кўдакони бе парастории падару модармонда мебошанд. Ҳангоми мавҷуд набудани имконияти дар оилаи худ тарбия ва зиндагӣ кардани кӯдак, бояд дар аввал ҳамаи кӯшишҳо ба харҷ дода шаванд, ки ӯ аз ҷониби оилаи солим фарзандхонд карда шавад.

Б) Васоят ва парасторӣ – Ба кӯдакони ятим ва бепарастор барои ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон васоят ва ё парасторӣ муқаррар карда мешавад. Васоят ва парасторӣ аз ҷоними мақомоти васоят ва парасторӣ тибқи Низомномаи ин мақомот таъин карда мешавад.

С) Ҷойгир намудани кӯдакони ятим ва бепарастор дар муассисаҳои кӯдакони ятим – Кӯдакони ятим ва бепарастор, дар сурати мавҷуд набудани имконияти дар оила тарбия ёфтан, дар муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ, табобатӣ ё дигар муассисаҳои ба онҳо монанд ҷойгир карда мешаванд.

Масъалаи тарбияи кӯдакони бе парастории волидайн монда, хело муҳим ва ҷиддӣ мебошад. Афсус ҳоло ҳам шумораи кӯдакони ятим ва бепарастор кам нест. Дар баробари ин, дар замони имрӯза шаклҳои нави тарбияи кӯдаки бе парастории падару модар монда пайдо шуда истодаанд, ки дар онҳо кӯшиши ба назар гирифтани инкишофи психологии кӯдак дар оила ва муҳайё намудани шароит ва муҳити ба оила наздикро ба роҳ монда истодаанд.

Нисбат ба ҳамаи шаклҳои тарбияи кӯдакони бе парастории падару модар монда, фарзандхондӣ ҳоло ҳам яке аз шаклҳои беҳтарин ва афзалиятнок барои кӯдак мебошад. Ҳангоми фарзандхондӣ дар байни кӯдак ва фарзандхонд як навъ муносибати ҳуқуқӣ ва равоние пайдо мешавад, ки он ба таври максималӣ ба муносибати оилавӣ монанди дорад. Фарзандхондӣ ба кӯдакони фарзандхондшуда имконият медиҳад, то ки онҳо дорои он шароитҳои ҳаётие бошанд, ки дар оилаи аслии худ бояд медоштанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here