Мактаби тобистона оид ба ҳуқуқи инсон-2018

0
619

Аз санаи 18 -уми август то 24-уми августи соли ҷорӣ 30 нафар ҷавонони фаъоли Тоҷикистон дар Мактаби тобистона оид ба ҳуқуқи инсон ширкат меварзанд.

Дар давоми 5 рӯзи баргузоршавии мактаби мазкур коршиносони пуртаҷриба дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ҳомиёни ҳуқуқ ва журналистон  оиди ҳуқуқи инсон,  механизми миллӣ ва байналмиллалии ҳифзи ҳуқуқи инсон,  қонун дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ ва дигар мавзуъҳо ба иштирокчиён таълим меомузонанд.

Иштирокчиён инчунин метавонанд дар Бозии мурофиаи суди иштирок намуда ивази таҷриба бо дигар ҳамкорон ва иштирокчиёни мактаби тобистона намоянд.

Мактаби тобистона бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, бо дастгирии молиявии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад-Тоҷикистон ва инчунин Ассотсиатсия Ҳуқуқшиносони Байналмиллалӣ, ташкил ва гузаронида шуда истодааст.

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here