Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷумҳуриявии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мутахассисони ҷавон, ташаббускор, пешсафро ба гурӯҳи худ дар шаҳри Душанбе қабул менамояд. Таҷрибаи кор нақши калидӣ ва асосиро бозӣ намекунад, мо аз қабули дархостҳо аз ҷавонони ҳавасманд, ки ҳоло таҷрибаи корӣ надоранд, хурсанд ҳастем. Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ мебошад. Мо маҳорати кор бо компютерро тарафдорӣ мекунем.
Мо барои ишғоли ҷойҳои кории холии зерин озмун эълон менамоем:
1. Фандрайзер30%- и вақти корӣ.                                                                Фандрайзинг — ин фаъолият оид ба ҷалби маблағи шаҳрвандон, соҳаи бизнес ё давлат ба соҳаи ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла барои эҳсонкорӣ мебошад. Вазифаҳои асосии фандрайзер инҳо мебошанд:
– ҷустуҷӯ ва ҷалби воситаҳои пулӣ ва моддӣ ба лоиҳаҳои иҷтимоӣ;
– тартиб додани маҳзани маблағгузорон, донорҳо, эҳсонкорҳо;
– дастгирии робита ва муносибат бо донорон, маблағгузорон ва эҳсонкорони фаъол;
– тартиб додани пешниҳодҳои тиҷоратӣ;
– омода намудани лоиҳаҳо барои грантҳо;
– омода намудани ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ барои донорон ва маблағгузорон оид ба ҷалби маблағ;
– тартиб додани презентатсияҳо барои донорон ва маблағгузорон;
– ба роҳ мондани PR-и лоиҳаҳо ва умуман ташкилот.
2. PR – менеджер25% – и вақти корӣ.                                                      Менеджер оиди робита бо ҷомеа – ин мутахассисе мебошад, ки ӯ барои ташаккул додан ва нигоҳдошти афкори хуби ҷомеа нисбати ташкилот, фаъолият ва чорабиниҳои мо равона карда шудааст. Ба вазифаҳои PR – менеджер дохил мешаванд:

– навиштани матнҳо, маърӯзаҳо ва презентатсияҳои гуногун;
– тайёрӣ ва иштирок дар нишастҳои матбуотӣ, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо;
– идоракунии сомонаҳои интернетӣ, саҳифаҳои ташкилот дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
– коркард ва паҳн намудани маводҳои нашрӣ;
– пурзӯр намудани муносибат бо аҳолӣ ва мизоҷони ташкилот.

3. Ассистент оиди кор бо ҷавонон 40% -и вақти корӣ
Ба вазифаи ассистент кӯмак расонидан барои ташкил намудани тренингҳо, лагерҳо, мусобиқаҳо оид ба дебатҳо ва бозиҳои кории мурофиаи судӣ, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти маркази захиравӣ барои ҷавонон ва ба фаъолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, тарбияи насли нави ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷавонони дорои мавқеи фаъоли шаҳравандӣ, дохил мешавад.
Шахсони хоҳишманд метавонанд, чунин ҳуҷҷатҳои худро барои иштирок дар озмун барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ ба почтаи электронии ozmun.dosh@gmail.com то санаи 10 августи соли 2018 равон намоянд.
1. СВ (резюме)
2. Мактуби ҳавасмандӣ, бо нишон додани вазифае, ки мехоҳед онро ишғол намоед.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here