Санаи 2-юми июли соли 2018, дар толори Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мизи мудаввар дар мавзӯи “Муқовимат ба терроризм ва экстримизм омили асосии эъморӣ ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд” баргузор гардид. Ҷорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати Адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкори бо Ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” ташкил ва гузаронида шуд. Дар мизи мудаввар намояндагони Вазорати Адлия,  Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Дар ҷараёни мизи мудаввар намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм баромад намуданд. Дар рафти чорабинӣ  байни иштирокчиён саволу ҷавоб ва ибрози ақидаю пешниҳодҳо оид ба мубориза бурдан бар зидди терроризм ва экстремизм шунида шуданд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here