Мизи мудаввар: Ҷамъбасти лоиҳаи “Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон”

0
696

 Лоиҳаи “Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон” моҳи сентябри соли 2017 оғоз шуда то 31 майи соли 2018 идома ёфт. Мақсад аз амали намудани лоиҳа ин фаъолнамоии ҷавонон ва мустаҳкам намудани дӯстӣ байни ҷавонони аз минтақаҳои гуногуни кишварамон мебошад.

Санаи 29 майи соли 2018 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон миззи мудаввар оид ба ҷамъбасти лоиҳаи мазкур доир карда шуд. Дар миззи мудаввар маълумотҳо оид ба чорабиниҳои гузаронидашудаи лоиҳаи “Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон” пешкаши иштирокчиёни миззи мудаввар карда шуд. Инчунин 6 нафар ҷавононе, ки ғолиби озмуни навиштани ЭССЕ-и беҳтарин дар мавзӯи “Ғояҳои фаъолгардонии ҷавонон” ғолиб омада буданд, бо навбат ғояҳои худро ба таври васеъ тафсир намуданд. Ғояҳое, ки аз ҷониби баромадкунандагон пешкаш шуда гузашт аз чониби иштирокчиёни миззи мудаввар қобили қабул гаштанд. 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here